Дар шаҳри Минск даври гурӯҳии мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2023” ба итмом расид. Аз рӯи натиҷаҳои он дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар гурӯҳи “В” зинаи дуюмро ишғол намуда, акнун барои дарёфти медалҳои биринҷӣ рақобат мекунад.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, қаблан дар се бозӣ дар гурӯҳ мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозиҳоро бо тимҳои Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ анҷом дода, бар тими Эрон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Бо касби 5 имтиёз футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи худ зинаи дуюмро ишғол намуданд. Мақоми аввалро дар гурӯҳи “В” бо 7 имтиёз тими Русия (U-17) касб кард.

Ба ин тариқ, дар рӯзи хотимавии мусобиқаи “Ҷоми рушд-2023” рӯзи шанбе, 11 феврал мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои дарёфти зинаи сеюм бо тими Русия (U-16) бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 16:40 дақиқа бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Дар вохӯрии финалии мусобиқа дастаҳои мунтахаби Қазоқистон (U-17) ва Русия (U-17) бозӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.