Размикори тоҷики ММА Лоиқ Раҷабов дар доираи Лигаи UFC дар қувваозмоии минбаъдаи худ бо варзишгари Лаҳистон (Полша) Матеуш Ребетски рақобат мекунад. Муҳориба рӯзи 24 июн дар мусобиқаи UFC on ABC 5 дар Ҷексонвилл (ИМА) баргузор мешавад. Дар ин бора дар гурӯҳи Sport in Tajikistan дар саҳифааш дар «ВКонтакте» хабар дода мешавад.

Ребетски 17 ғалаба ва 1 бохт дорад. Ҳамчунин ӯ чанде қабл ба промоушени UFC дохил шуда, моҳи январи соли 2023 варзишгари ҷавони амрикоӣ Ник Фиориро мағлуб кард.

Лоиқ Раҷабов ва Матеуш Ребетски
коллаж аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Ёдрас мекунем, ки рақобат дар кадри пешакии UFC 285 дар Лас-Вегас бо қарори доварон ба фоидаи Лоиқ Раҷабов анҷом ёфт. Ҳарифи ӯ варзишгари қаблан мағлубнашуда аз Аргентина Эстебан Рибович буд.

Дар муҳорибаи аввалини худ Лоиқ Раҷабов рекорди UFC-ро гузошт. Варзишгари тоҷик натанҳо аз рӯи холҳо ғолиб дониста шуд, балки аз рӯи тейкдаунҳо барои доваталаби вазни сабук ба рекорди промоушен ноил гардид: дар ҷараёни 3 раунд ӯ 11 маротиба ҳарифашро ба замин афтонд.

Айни замон Раҷабов 17 ғалаба, 4 бохт ва 1 мусовӣ дорад.

Ёдрас мекунем, ки Лоиқ Раҷабов чанде пеш дар Душанбе барои ҳамаи хоҳишмандон машғулияти кушод (мастер-класс) гузаронид. Ӯ такроран симои Федератсияи ҳунарҳои омехттаи ҷангӣ байни дӯстдорон - «TAJMMAF» барои соли 2023 интихоб шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.