Размикори тоҷики ММА Муҳаммад Наимов ҷаҳорумин намояндаи UFC аз Тоҷикистон шуд: пеш аз ӯ Нурулло Алиев, Лоиқ Раҷабо ва Муин Ғафуров ба чунин ҳуқуқ соҳиб шуда буданд. Дар ин бора дар Инстраграми худ Брайан Батлер, менеҷери размикори тоҷик хабар дод.

Муҳаммад Наимов ҳанӯз соли 2020 мебоист аввалин размикор аз Тоҷикистон дар UFC мешуд.

Лекин дар мусобиқаи Дана Уайт Муҳаммад бо қарори якдилонаи доварон қувваозмоиро ба Колин Энглин бохт.

Пас аз имзои қарордод бо UFC Муҳаммад Наимов қувваозмоии аввалини худро дар лигаи ин ташкилот шаби 3 ба 4 июн дар Лас-Вегас бо размикори австралиягӣ Ҷейми Малларки доир мекунад.

Малларки 16 пирӯзиву 5 бохт ва Муҳаммад 8 ғалабаву 2 бохт доранд.

Ҳар ду варзишгар 28-солаанд, вале размикори тоҷик 4 кило сабуктар аст - Малларки 70 ва Наимов - 66 кило мебошад.

Дарозии қади Наимов 175 ва Малларки - 183 см аст.

Дар ҳамин ҳол, боз як размикори UFC Муин Ғафуров низ шаби 4 июн дар яке аз мусобиқаҳои ин ташкилот бори аввал рақобат мекунад.

Муин Ғафурови 27-сола 18 пирӯзӣ дошта, дар 4 қувваозмоӣ ба шикаст дучор шудааст. Ӯ бо Ҷон Кастанедаи 31-солаи амрикоӣ (бо лақаби “Секси Мекси”) қувваозмоӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.