Дар Урдун мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба гӯштин ҷараён дорад. Дар рӯзи аввали чемпионат намояндагони Тоҷикистон 4 медал - 2 тило ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии мусобиқа.

Барномаи чемпионат аз мусобиқаҳо оид ба гӯштини классикӣ, тарзи озод ва гӯштини занона дар ду дараҷаи синнусол - то 15 ва 20-сола иборат аст.

Дамир Отаев дар вазни 44 кило дар рақобати финалӣ бар гӯштингири эронӣ Муҳаммадҳусейн Раҳиимободӣ дастболо шуда, ба унвони қаҳрамонӣ соҳиб шуд.

Дар вазни то 75 кило Алишер Рӯзимадов низ ба чунин дастовард шарафёб гардид. Дар қуввваозмоии ҳалкунанда ӯ низ ҳарифи худ аз Эрон - Ризо Каримии Сармадонипро мағлуб кард.

Сурат: КМО Тоҷикистон

Ду гӯштингири дигари тарзи юнонию румии Тоҷикистон Амирҷон Обидов дар вазни 52 кило ва Шоҳҷаҳон Бобоев дар вазни 57 кило ба дарёфти медалҳои биринҷӣ ноил гардиданд.

Дар идома наврасони тоҷик дар мусобиқаҳои навъи гӯштини классикӣ дар синнусоли то 20-сола, гӯштини тарзи озод дар ҳарду гурӯҳи синнусолӣ рақобат мекунанд. Чемпионат то рӯзи 20 июл давом мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.