Дар Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 132 нафар варзишгарони тоҷик иштирок мекунанд.

Чанде пеш дар Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон бо иштирокчиёни ин бозиҳо вохӯрӣ доир гардид. Раҳбарияти Кумита аз варзишгарони ҷавон даъват кард, ки “дар посух ба ғамхориҳо ва ҳидояти Пешвои миллат - президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мусобиқаҳо шоиста ҳунарнамоӣ намуда”, парчами Тоҷикистонро барафрозанд.

Қобили зикр аст, ки Бозиҳои II ИДМ аз 3 то 15 август дар шаҳри Минск (Беларус) бо иштироки варзишгарон аз 9 кишвари Иттиҳод баргузор мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои 1-уми ИДМ соли 2021 дар Қазон (Русия) доир гардиданд. Дар ин бозиҳо мунтахаби Тоҷикистон ба дарёфти 1 медали тилло, 6 - нуқра ва 6 - биринҷӣ шарафёб гардид.

Дар мусобиқаи гӯштини “кураш” байни наврасон дар вазни то 60 кило Хуршедшоҳ Каримзода унвони қаҳрамони ИДМ-ро соҳиб шуд.

Дар навъҳои гуногуни гӯштин ва бокс варзишгарони тоҷик 6 медали нуқра ва дар мусобиқаҳои самбо, гӯштин ва тенниси рӯйи миз 7 медали нуқра ба даст оварданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.