Қувваозмоии варзишгари тоҷик Аъзам Ғаффоров бо Вартан Асатрян аз Арманистон қувваозмоии соли муҳорибаҳои омехта эътироф шуд. Дар ин бора Лигаи АСА бо ҷамъбасти натиҷаҳо дар номинатсияҳои гуногун хабар медиҳад. Ин қувваозмоӣ моҳи августи соли 2023 дар доираи мусобиқаи Гран-прии АСА доир гардид. Бо қарори доварон дар ин қувваозмоӣ размикори тоҷик ғолиб дониста шуд.

Қувваозмоӣ дар мусобиқаи АСА 161 дар доираи даври чаҳорякниҳоии Гран-при баргузор шуд. Ба ин тариқ, Ғаффоров ба даври нимфиналии Гран-при роҳ ёфта, имсол бояд бо қаҳрамони вазнҳои сабуктарини дивизион Қурбон Гаджиев қувваозмоӣ мекард. Он ба вақти дигар гузаронида шуд.

Пирӯзии Аъзам Ғаффров 14-умин дар давраи ҳунарнамоиша аст. Ӯ ҳамчунин 3 бохт дорад. Ҳарифи ояндаи Ғаффров дар даври нимфиналии Гран-при Қурбон Гаджиеви 30-сола 19 ғалаба ва 3 бохт дорад.

Аъзам Ғаффоров дар Муъминобод ба дунё омада, дар оилаашон бо шумули худаш панҷ фарзанданд. Пас аз хатми мактаби олӣ Аъзам ба Маскав рафта, дар анбор кор мекард ва ҳамзамон ба машқу тамрин ҳам машғул мешуд.

Иштироки худро дар муҳорибаҳои омехтаи касбӣ соли 2015 аз ташкилоти Octagon Fighting Sensation оғоз кард. Баъди чанде аз муҳорибаҳои муваффақона дар лигаҳои Русия, тақдир Аъзамро ба Чин бурда, дар он ҷо дар промоушени WFL Wars ду қувваозмоӣ гузаронид.

Пас аз ин Аъзам Иван Андрюшенкоро дар АСВ шикаст дода, баъди ба табдил ёфтани ин ташкило ба АСА, дар он мавқеи устувор пайдо кард. Дар қувааозмоии аввалин Ғаффоров аз Юнус Евлоев шикаст хӯрда, дар муҳориба бо Мансур Хатуев дастболо шуд. Сипас аз Чарлз Энрик ва Алан  Гомеш (ҳарду аз Бразилия) шикаст хӯрд.

Рӯзи 11 августи соли 2023 Ғаффоров дар чаҳорчӯби даври чаҳорякфиналии Гран-прии АСА дар вазни сабуктарин бо Вартан Асатрян рақобат кард. Бо қарори ҷудогонаи доварон Аъзам ғолиб дониста шуд.

Қувваозмоии Ғаффоров бо Алан Гомеш, ки Қурбон Гаджиеви ҷароҳатгирифтаро иваз кард, бояд рӯзи 9 феврал дар доираи даври нимфиналии Гран-прии АСА дар дивизиони вазни сабуктарин баргузор мешуд.

Лекин Гомеаш дар масоили марбут ба вазн ба мушкилот дучор шуда, тасмим гирифт, ки аз иштирок дар мусобиқа даст мекашад. Дар баркашии расмӣ вазни Ғаффоров “ба таври назаррас” зиёд буд. Ҳоло маълум нест, ки қувваозмоии минбаъдаи Аъзам кай баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.