Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе таҳти раҳбарии Игор Черевченко медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистонро соҳиб шуд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад, ки “Истиқлол” маротибаи 14-ум дар таърихи худ ва бори 12-ум пайдарпай қаҳрамони Тоҷикистон мешавад.
Дар даври хотимавии мусобиқот, “Истиқлол”-и Душанбе баъди мусовӣ бо тими “Вахш”-и шаҳри Бохтар (1:1) бо 47 имтиёз ва зинаи аввал қарор гирифт.
Дар мавсими оянда, дар сатҳи қораи Осиё “Истиқлол” барои иштирок дар мусобиқаи сатҳи сеюм - Лигаи даъвати Конфедератияи футболи Осиё (КФО) роҳхат гирифт.
Бино ба маълумоти портали "Transfermarkt", дар соли 2025 арзиши умумии бозингарони Лигаи олии Тоҷикистон ба 23,89 млн евро мерасад. Фарқияти байни дастаҳо имкон медиҳанд бинем, ки то кадом андоза имконоти молиявӣ ба натичаҳои воқеӣ таъсир мерасонанд.
Мавқеи ҳамаи 12 дастаи мусобиқотро аз лиҳози ҳайат, арзиш ва зинаи касбкардаашон дар ҷадвал мавриди баррасӣ қарор медиҳем:

1. "Истиқлол"-и Душанбе – 4,58 млн евро
Синнусоли миёна – 27-сола, 8 легионер (футболбоз аз дигар кишвар) – зинаи 1-ум аз рӯи арзиш, ҷойи 1-ум дар ҷадвали мусобиқот.
Гаронтарин тими кишвар мақомашро тасдиқ мекунад: қариб 4,6 млн евро, рақобати шадид дар ҳайат, устуворӣ дар бозӣ ва пешсафӣ дар ҳамла (54 гол).
2. "Регар-ТадАЗ" - и – Турсунзода 2,68 млн евро
25,5-сола, 8 легионер, аз рӯйи нарх 2-юм, ҷойи 6-ум.
Яке аз номутобиқатии хеле зиёди мавсим: ҳайати ғолиби Ҷоми футболи Тоҷикистон аз лиҳози нарх, вале танҳо зинаи 6-умро касб кард. Сабабҳо ин ноустуворӣ, мушкилоти кадрҳо ва истифода бурда натавонистани лаҳзаҳои хуби голзанӣ дар бозиҳои муҳим.

3. "Равшан"-и Кӯлоб – 2,56 млн евро
26,3-сола, 8 легионеров, аз рӯйи арзиш 3-юм, ҷойи 4-ум.
Даста дарвоқеъ ба “сатҳи воқеӣ”-и нархи худ наздик аст. Дар 4-гонаи беҳтарин қарор доштан бо чунин буҷет, нишондиҳандаи кори доимӣ дар даста аст.
4. "Вахш"-и Бохтар – 2,37 млн евро
27-сола, 7 легионер, аз рӯйи нарх 4-ум, ҷойи 2-юм.
Аз лиҳози нарх дар ҷойи 4-ум қарор дошта, муддати зиёд дар сафи пешсафон қарор дошт. Ин мисоли он аст, ки чӣ гуна интизом, кори мураббиён ва интихоби дурусти бозингарон имкон медиҳанд, ки аз тимҳои ҳайаташон нисбатан гаронтар пеш гузарӣ.
5. "Барқчӣ"- и Ҳисор – 2,20 млн евро
22-сола, 7 легионер, аз рӯи нарх 5-ум, ҷойи 8-ум.
Ҳайати ҷавонтарини лига, лекин натиҷаҳо ҳоло аз имконот пасттаранд. Бо роҳандозии кори хубтари сохтор даста ба дарёфти зинаҳои болотар имкон дорад.
6. КМВА (ЦСКА)- и Душанбе – 1,85 млн евро
26,5-сола, 7 легионер, аз лиҳози арзиш 6-ум, ҷойи 3-юм.
Яке аз намунаҳои беҳтарини самаранокист. Бо имконоти миёна бошад ҳам, ба туфайли сохтори бозӣ ва натиҷаҳои устувор муқобили ҳарифон аз зинаҳои поинтари ҷадвал,мақоми 3-юро касб кард.

7. "Хуҷанд"- и Хуҷанд – 1,83 млн евро
26,6-сола, 7 легионер, аз рӯйи нарх 7-ум, ҷойи 5-ум.
Даста ба сатҳи нархи худ комилан мутобиқат мекунад. Мавсим душвор сурат гирифта, мураббиён иваз шуданд, лекин натиҷаҳо мантиқианд.
8. "Эсхата"- и Хуҷанд – 1,70 млн евро
25,8-сола, 7 легионер, аз лиҳози нарх 8-ум, ҷойи 7-ум.
Дастаи миёна бо имконоти хуб аст. Бо доштани 7 легионер метавонист ба ҷойҳои болотар довталабӣ кунад, лекин дарёфи устувори имтиёзҳо хеле дертар муяссар шуд.
9. "Ҳосилот"-и Фархор – 1,51 млн евро
26-сола, 9 легионер, аз рӯи нарх 9-ум, ҷойи 9-ум.
Яке аз рекордсменҳо аз рӯи теъдоди хориҷиён, лекин на аз лиҳози натиҷа. Даста барои боқӣ мондан дар лига мубориза бурд, ки ин масъалаи интихоби дурусти ҳайатро ба миён мегузорад.
10. "Истаравшан"-и Истаравшан – 1,13 млн евро
25,8-сола, 7 легионер, аз рӯи нарх 10-ум, ҷойи 10-ум.
Қафомонӣ аз пешсафон возеҳу аён аст: буҷет нисбат ба “Истиқлол” 4 баробар камтар аст. Ҷойи 10-ум таҷассумгари имконоти воқеӣ аст.
11. "Ҳулбук"-и Восеъ – 1,02 млн евро
28,8-сола, 5 легионер, аз лиҳози арзиш 11-ум, ҷойи 11-ум.
Дастаи пуртаҷриба буда, лекин ҳайати “нисбатан калонсол” кумак накард ва дар натиҷаи ҷойи 11-ум дар ҷадвалро касб кард.

12. "Панҷшер"- и Ҷалолиддини Балхӣ – 480 ҳазор евро
26,2-сола, 8 легионер, аз лиҳози арзиш 12-ум, ҷойи 12-ум.
Камтар аз ним миллион евро буҷети воқеъан ҳам хоксорона аст. Натиҷа ҳам воқеист: зинаи 12-ум ва мубориза барои ҳар як имтиёз.
Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2025 байи дастаҳои Лигаи олӣ то анҷоми мавсим як бозии мавқуфгузошта - “Истаравшан” - “Истиқлол” (12 декабр) боқӣ монд. Он ба натиҷаҳои мусобиқот ва мавқеи дастаҳо дар ҷадвал таъсир намерасонад.






