Дар 12 моҳ (1-уми декабри соли 2024 - 1-уми декабри соли 2025) дар ҷаҳон 67 рӯзноманигоре, ки ба иҷрои рисолати касбии худ машғул буданд, кушта шуданд. Тавре аз гузориши "Рӯзноманигорони бидуни марз" (RSF) зикр мешавад, қисмати хеле назарраси ҳалокшудагон қурбониёни ҷанг ё шабакаҳои ҷиноятпеша шудаанд.
Дар гузориши ин созмон, ки рӯзи 9-уми декабр дар робита ба озодии матбуот нашр гардид, гуфта мешавад, ки дар ин давра теъдоди рӯзноманигорони кушташуда дар муқоиса бо соли гузашта қариб тағйир наёфтааст.
Аз 67 рӯзноманигори ҳалокшуда 53 нафар дар муноқишаҳои мусаллаҳона ё дар ҳодисаҳои марбут ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша кушта шудаанд.
Навори Ғазза хатаноктарин минтақа боқӣ монда, дар ин ҷо 29 рӯзноманигор ҳалок шудааст. Дар идома Мексика бо 9 журналисти кушташуда, инчунин Украина, Судон ва Сурия, ки дар ин кишварҳо кори рӯзноманигорӣ бо хатари зиёд марбут аст, қарор доранд.
Бино ба маълумоти гузориш, айни замон дар 62 кишвар 503 рӯзноманигор дар маҳбасанд. Аз ҳама бештар, дар Чин (121), сипас дар Русия (48), Мянма (47), Беларус (33), Ветнам (28) ва Озарбойҷон (25) қарор доранд.
Дар Исроил 20 рӯзноманигори фаластинӣ дар ҳабс қарор доранд.
Ғайр аз ин, 135 корманди ВАО дар саросари дунё бе ному нишоншудагон дониста мешаванд. Бархе тӯли даҳсолаҳо...
Аз ҳама бештар, чунин ҳодисаҳо дар кишварҳои Ховари Миёна ва Амрикои Лотинӣ, бахусус дар Сурия ба қайд гирифта шудаанд, ки дар ин ҷойҳо даҳҳо рӯзноманигорон дар давраи ҳукмронии Башор Асад бе ному нишон гардиданд.
Аня Остерхаус, мудири иҷроияи шуъбаи олмонии RSF изҳор доштааст, ки “ин теъдоди рӯзноманигорони кушташуда, даҳшат аст” ва оқибати “зӯроварии доимӣ аз ҷониби артишҳо, гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳарбиён ва шабакаҳои ҷиноятпеша” мебошад.
Ӯ таъкид доштааст, ки ҳар як марг ё ҳабси рӯзноманигор, ҳатто барои кишварҳои демократӣ огоҳӣ аст: "Касе, ки ба рӯзноманигорон дармеафтад, ҳамаи моро аз ҳуқуқи гирифтани ахбору маълумот маҳрум месозад".
Номбурда аз ҳукуматҳои ҳамаи кишварҳо даъват кардааст, ки барои ҳимояи кормандони васоити ахбори умум тадбирҳои муассир рӯйи даст гиранд.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ дар ду-се соли охир наздик ба даҳ рӯзноманигору фаъоли расонаӣ, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов ва Рухшона Ҳакимова боздошт ва зиндонӣ карда шуданд. Мақомот далели боздошту ҳабси онҳоро ба ифротгароӣ марбут медонанд, аммо худи онҳо ва наздиконашон ҳамаи иттиҳомоти мақомотро рад мекунанд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста