Рустам Ятимов, дарвозабони тими миллии футболи Тоҷикистон ва дастаи “Ростов”-и Ростови лаби Дони Русия аз рӯи натиҷаи овоздиҳӣ барои муайян кардани беҳтарин бозингари мусобиқоти Ҷоми Русия дар соли 2025 пирӯз шуд.

Ин иттилоъ аз сӯи дафтари матбуоти мусобиқоти мазкур, ки беҳтаринҳоро тибқи фарзияи мухлисон ва коршиносон эълон кард, ба нашр расид.

Аз шумори умумии овозҳо, Рустам Ятимов 36%-и онро касб кард ва дар зинаи аввал қарор гирифт. Дар ҷои дуввум, Данила Козлов, нимҳимоятгари “Краснодар” бо 26%  қарор гирифт.

Акс аз торнамои metaratings.ru

Дар зинаи сеюм ду нафар - Матвей Кисляк аз дастаи "ССКА" ва Александр Корякин аз тими “Краснодар” қарор гирифтанд, ки ҳарду 13%-и овозҳоро ба даст овардаанд.

Дарвозабони 27-солаи тоҷик имсол дар мусобиқоти Ҷоми Русия хуб ҳунарнамоӣ карда, бо дастааш то даври Суперфинал расид, вале ин бозиро дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бохт.

Қаблан, дар ҳамин овоздиҳӣ, Рустам Ятимов аз рӯйи натиҷаҳои назарпурсӣ миёни мухлисон беҳтарин дарвозабони мусобиқа дониста шуда буд.

Қобили зикр аст, ки дарвозабони мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Рустам Ятимов дар феҳристи гаронтарин дарвозабонҳои қораи Осиё ба зинаи 6-ум баромад. Маъмулан дар ин "бозор" намояндагони Ҷопон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Ховари Миёна қарор мегиранд.

Ҳоло арзиши ӯ 1,80 млн евро аст, ки ин рекорди мутлақ барои футболбозони тоҷик мебошад. Рустам Ятимов 300 ҳазор гаронтар шуд. Аз лиҳози арзиш ӯ аз дарвозабонони Индонезия - Паес ва Австралия -  Гаучи пеш гузашт.

Ғайр аз ин, Рустам Ятимов бори дигар гаронтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.