Соли 2025 муҳтавои таҳиякардаи “Азия-Плюс”-ро 24 миллиону 200 ҳазор маротиба хондаанд. Танҳо муҳтавои дар бахши тоҷикӣ нашршударо ҳудуди 6 миллион бор хондаанд.
Дар умум, соли гузашта аз сомонаи “Азия-Плюс” қариб 16 миллион бор дидан кардаанд. Аз ин беш аз 6 миллиону 200 ҳазор корбарони истисноӣ ҳастанд. Яъне корбароне, ки чанд маротиба ба сомона ворид шудаанд, аммо ҳамчун як корбар ҳисоб шудаанд.
Давоми соли гузашта дар бахши тоҷикии сомонаи “Азия-Плюс” қариб 3 ҳазору 500 мавод нашр шудааст. 3 ҳазору 355 маводи нашршуда беш аз ҳазор хонанда доштаанд. 543 маводи нашршуда беш аз 5 ҳазор бор хонда шудаанд. 61 маводи нашркарда беш аз 10 ҳазор бор хонда шудаанд.
Бо такя ба маълумоти ироакардаи “Yandex.Metrica”, мо 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии сомонаи “Азия-Плюс”-ро дар соли 2025, ки аз 12 то беш аз 53 ҳазор хонанда доштанд, интихоб кардем.
Дар умум, агар ба таври хеле мухтасар зикр кунем, мубориза бо ифротгароӣ, масоили иҷтимоӣ, муҳоҷират, ҳаводиси сиёсии ҷаҳон, тағйироти кадрӣ, хабарҳои марбут ба фаъолияти раисҷумҳур ва ҳалли масоили марзӣ серхонандатарин мавзӯъ дар соли 2025 будааст.
1. Пешгирии экстремизм дар Тоҷикистон. Чаро корҳои иттилоотиву огоҳибахшӣ имрӯз муҳимтаранд?
Дар садри феҳристи пурхонандатарин матолиб маводи дар мавзӯи мубориза бо ифротгароӣ навишта қарор дорад. Ин мақоларо беш 53 ҳазор маротиба хондаанд. Дар ин матлаб, муаллиф талош кардааст василаҳои муассири мубориза бо ифротгароӣ тавассути пешниҳоди иттилоъро мавриди таҳлил қарор диҳад.

2. Таниш миёни Боку ва Маскав. Оё Русия муносибати худ бо кишварҳои Осиёи Марказиро дигар мекунад?
Дар ин матлаб тағйири равобит миёни Маскаву Боку дар пайи суқут додани тайёраи мусофирбари Озарбойҷон дар фазои Русия ва баъди он, боздошти хушунатомези озариҳо дар Русияву русҳо дар Озарбойҷон бозгӯ шудаааст. Ҳамчунин, ба ин суол посух ҷуста шудааст, ки оё таниш миёни Боку ва Маскав муносибати Русияро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тағйир медиҳад ё не? Ин матлабро беш аз 15 ҳазору 400 бор хондаанд.
3. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва Шавкат Мирзиёев дар Самарқанд
Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Самарқанд барои иштирок дар Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ва мулоқоти ӯ бо роҳбарони минтақа низ аз серхонандатарин гузоришҳо дар соли гузашта буд. Онро беш аз 15 ҳазор бор хондаанд.

4. Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Таҷлил аз ҷашни Меҳргон, ки солҳои охир бо ташаббуси мақомоти давлатӣ дар кишвар маъмул шуд, барои хонандагон низ ҷолиб будааст. Гузориши аз ин ҷашн таҳикардаи моро беш аз 15 ҳазор бор хондаанд.
Хабарҳои марбут ба тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон маъмулан серхонандаанд. Агар он дар пайи интиқоди раисҷумҳур ё ҳаводиси дигаре иттифоқ афтад, таваҷҷуҳба он боз ҳам бештар мешавад. Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунандаи ВКД, ки баъди ҳаводиси силсилакушторҳо дар шимоли кишвар иттифоқ афтод, яке аз серхонандатарин матолиби соли гузашта буд, ки қариб 14 ҳазор маротиба хондаанд.

Аз вазифа сабукдӯш ва боздошт кардани директори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки баъдар барои тасарруфи ҳудуди 1 млрд сомонӣ муттаҳам шуд, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ кашид. Хабари аз вазифа озод шудани ӯ дар сомонаи раисҷумҳури кишвар нашр шуд ва сабаби он "ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон" зикр мешуд.
Баъдтар расонаҳо навиштанд, ки ӯ боздошт шудааст. Дертар директори Оҷонсии зиддифасод тасдиқ кард, ки роҳбари пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои тасарруфи беш аз 1 млрд сомонӣ пули давлат боздошт шудааст. Баъдтар ин ниҳод аз тағйири чораи ҳабси пешакӣ хабар дод. Хабари аз вазифа сабукдӯш шудани ӯро беш аз 13 ҳазору 700 бор хондаанд.

7. “Пештар обрӯяш бештар буд". Имрӯз омӯзгори тоҷик чӣ мақом дорад ва чӣ тавр онро баланд бардорем?
Баъди таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ва пешниҳоди он ба парлумони кишвар, “Азия-Плюс” аз сокинони пойтахт пурсид, ки “Имрӯз омӯзгор дар ҷомеа чӣ мақом дорад ва чӣ тавр онро метавон баланд бардошт?”. Посухи сокинонро беш аз 13 ҳазору 600 маротиба тамошо кардаанд.
8. Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Поёни соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумон дастур дод, ки маошу нафақа ва идрорпулӣ аз моҳи сентябри соли 2025 зиёд карда шавад. Дар ин матлаб мо таҳлил кардем, ки он чанд пул зиёд мешавад, сарчашмаи зиёдшавӣ чӣ аст ва то куҷо метавонад зиндагии аҳолиро тағйир диҳад. Ин матлаби моро қариб 13 ҳазору 500 бор хондаанд.
9. “Нерӯи нарм”. Русия барои ҳифзи нуфузи худ дар Тоҷикистон аз кадом василаҳо истифода мекунад?
Пас аз оғози ҷанг дар Украина ва таҳримҳои Ғарб, Русия ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир кард ва кӯшиш дорад, нуфузашро дар минтақа ҳифз кунад. Аммо ин бор на бо зӯр, балки тавассути таълим, фарҳанг ва тарғиби арзишҳо, ки дар маҷмӯъ “нерӯи нарм” дониста мешавад. Дар ин матлаб мо таҳқиқ кардем, ки Русия аз ин василаҳо чӣ гуна истифода мекунад ва то куҷо муваффақ шудааст. Онро беш аз 13 ҳазору 300 маротиба тамошо кардаанд.

Ин матлаб дар бораи талошҳои ҳамсоякишвари Қирғизистон барои бозбинии таърихи гузашта, махсусан дар замони Шӯравӣ аст. Ин кишвар бо қабули қонун, роҳро барои бозбинии ҳазорҳо парванда, ки дар замони таъқиботи Шӯравӣ бидуни далел ва бар пояи туҳмат боз шуда, ҳазорон танро ба зиндон бурд ё нобуд сохт, боз кард ва имкон дод, ки бегуноҳии садҳо нафар собит шавад. Ин матлабро беш аз 12 ҳазору 500 маротиба хондаанд, ки гувоҳи таваҷҷуҳи сокинони Тоҷикистон ба ин мавзуъ аст.
11. Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Дар ин матлаб арзиши барқ дар кишварҳои Осиёи Миёна дар баробари музди меҳнати миёна муқоиса шудааст. Маълум шуд, ки нархи барқ дар Тоҷикистон танҳо аз Ӯзбекистону Қазоқистон арзонтар, аммо аз Қирғизистон гаронтар будааст. Аммо музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон камтар аз ҳар кишвари минтақа будааст. ИН матлаби моро беш аз 12 ҳазору 300 бор хондаанд.

12. Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳалли баҳси марзи миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар солҳои гуногун боиси низоъ ва кушта шудани садҳо нафар шуда буд, яке аз ҳаводиси муҳими соли гузашта буд. Дар пайи ҳалли баҳси марзӣ, гузаргоҳҳои сарҳади миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки чанд муддат ин ҷониб баста буд, боз шуд ва мо аз ин рухдод гузориш омода кардем, ки онро қариб 12 ҳазору 300 бор хонданд.
13.Волидайни Рухшона Ҳакимова барои додхоҳӣ ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардаанд
Волидайни Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори тоҷик, ки моҳи феврали соли гузашта бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” 8 сол равонаи зиндон шуд, бо ирсоли як мактуб аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ки баҳри озодии ӯ иқдом кунад. Ин мактуб дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва мо онро дар сомонаи хуб бознашр кардем, ки қариб 12 ҳазору 300 маротиба хонда шуд.

14. Чаро Осиёи Марказӣ барои Эрон муҳим аст?
Дар пайи тақвияти равобити Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, афзоиши гардиши мол миёни ҷонибҳо мо талош кардем ба ин суол, ки “Чаро Осиёи Марказӣ барои Эрон муҳим аст?” посух ёбем. Ҳамчунин, дақиқ кунем, ки аз рушди равобит бо Эрон кишварҳои минтақа чӣ манфиат мебардоранд. Ин матлабро беш аз 12 ҳазор бор хондаанд.

15.Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратон дар Тоҷикистон тасдиқ шуд
Соли гузашта дар Тоҷикистон Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратон дар кишвар барои солҳои 2025-2029 қабул шуд. Хабари қабули ин барномаро қариб 12 ҳазор бор хондаанд.
PS: Хонандагони гиромӣ, умедворем, соли шумо низ бобарор гузашт, онро хуб ҷамъбаст карда, хулоса ва нақшаҳои соли ояндаатонро маълум кардед. Бо мо бимонед, ваъда медиҳем, ки шуморо аз охирин ва муҳимтарин хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон огоҳ хоҳем кард ва онҳоро барои шумо шарҳ хоҳем дод. Рисолати мо расонидани хабари сареъ ва боэътимод ба хонандаи худ аст, ки ҳамоно ба он пойбандем.





Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста