Душанбе. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз соати 16-у 30 дақиқа дар маҷлисгоҳи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бо иштироки намояндаи махсуси дабири кулли СММ ва роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ ( UNRCCA ) Мирослав Енча нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.

Машваратчӣ оид ба робитаҳои хориҷии Барномаи рушди СММ Сафарбек Солиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар нишасти матбуотӣ атрофи масоили мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои замони ҳозира, терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сӯҳбат барпо мегардад.

Ба иттилои сарчашма, ҳамин рӯз М.Енча ният дорад бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва дигар намояндагони расмӣ мулоқот кунад.

«Қаблан доктори илмҳои ҳуқуқ Мирослав Енча ба ҳайси вазири корҳои хориҷии Словакия, роҳбари Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тошканд, намояндаи Словакия дар Кумита оид масоили сиёсӣ ва амнияти Иттиҳоди Аврупо, сафири Словакия дар Мексика, Венесуэла ва Колумбия ифои вазиф анамудааст», - изҳор дошт С.Солиев.

Ёдрас мекунем, ки Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ моҳи декабри соли гузашта дар Ашқобод ифтитоҳ гардида буд.