Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абдутолиб Аҳмедов зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки кишвараш ҷиҳати ширкат дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон манфиатдор аст.

«Қазоқистон барои иштирок дар идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун таваҷҷӯҳи хос дорад, вале айни замон дар бораи ҳаҷми саҳми иқтисоди кишвар ба он чизе гуфтан душвор аст», - гуфт ӯ.

А.Аҳмедов зикр кард, ки соҳибкорон ва ширкатҳои Қазоқистон имрӯз дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон муваффақона фаъолият доранд. «Қазоқистон корхонаҳои бекорхобидаи пойтахти Тоҷикистонро хариданист, то онҳо ба фаъолият шурӯъ намоянд», - гуфт дипломат.

Ба қавли сафир, имрӯз миёни кишварҳо ҳеҷ масоили ҳалношудае мавҷуд нест. «Дар ҳошияи сафари президенти Тоҷикистон ба Остона як қатор мулоқоти ҷонибҳо пешбинӣ гардидааст, вале ман айни замон мушаххас гуфта наметавонам, ки дар он кадом масъалаҳо баррасӣ хоҳанд гардид», - афзуд ӯ.

А.Аҳмедов ҳамчунин изҳор дошт, ки айни замон ба иқтисоди Қазоқистон мутахассисон заруранд. «Ман аз таҷрибаву малакаи тоҷикистониён дар соҳаи сохтмон ба хубӣ огоҳам ва фикр мекунам, ки ояндаи наздик мо низ аз он истифода хоҳем кард», - гуфт сафир.