Душанбе. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Соли нави таҳсил дар шаҳри Турсунзода се мактаби замонавӣ ифтитоҳ мешавад. Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Турсунзода Мӯминҷон Абдуллоев мегӯяд, ки маросими ба истифода супоридани онҳо дар таърихи 10-11-уми июл бо иштироки сарвари давлат ба нақша гирифта шудааст.

                Яке аз ин мактабҳои таҳсилоти умумӣ «Литсеи президентӣ барои кӯдакони болаёқат» мебошад, ки бо сармоягузории Корхонаи алюминии Тоҷикистон ба маблағи 2,6 млню сомонӣ бунёд меёёбад ва барои 320 нафар хонандагон пешбинӣ гардидааст. Ташаббускори сохтмони мактаби мазкур президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Муассисаи дигари таълимӣ - мактаби дуошёнаи №13 барои 640 нафар хонанда мебошад, ки бо маблағи ҷудошудаи буҷаи ноҳия дар ҳаҷми 4 млн. сомонӣ сохта мешавад. Ба гуфтаи М.Абдуллоев, 2,5 млн. сомонӣ аз ин маблағ аллакай азхуд шудааст: ду бинои иншоот аллакай тайёр шудаанд, бинои саввум аввали соли хониш ба истифода дода мешавад.

Ва муассисаи таълимии саввум мактаби №17 барои 340 толибилмон буда, аз ҳисоби раёсати сохтмони Вазорати маорифи ҶТ ба маблағи 1,1 млн. сомонӣ бунёд мегардад. Интизор меравад, ки он дарҳои худро барои кӯдакони оилаҳои муҳоҷирони вилояти Хатлон дар деҳаи «Қизил-йӯл»-и ҷамоати Навобод боз хоҳад намуд.