Кӯлоб. 5-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Бо мусоидати Вазорати тандурустии ҶТ 100 нафар кӯдакон аз шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ барои истироҳату табобат ба минтақаи истироҳати «Қаратоғ» фиристода шуданд. Аз мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳамаи ин кӯдакон гирифтори бемории сил мебошанд ё бо волидайн, наздикон ё хешовандоне, ки чунин беморӣ доранд, алоқаи бевосита доштаанд.

«Тайи як моҳ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ дақиқкорона кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва мӯҳтоҷ ба истироҳату табобат интихоб карда шуданд», - идома дод сарчашма ва афзуд, ки Вазорати тандурустӣ дарҳол хоҳиши онҳоро ба инобат гирифта, тамоми хароҷоти сафар, истироҳат ва табобати кӯдакони беморро ба ӯҳдаи худ гирифтааст.