Хуҷанд. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Филиали Донишгоҳи нави Русия дар Осиёи Марказӣ аз Хуҷанд ба ноҳияи Лайлоқи вилояти Баткенти Қирғизистон кӯчид.
Ректори донишгоҳи номбурда Мақсудҷон Боқиев иттилоъ дод, ки ҳафтаи гузашта онҳо таҷҳизоту китобҳо ва лавозимоти озмоишгоҳҳоро ба бинои таъмиршуда бурдаанд.
Ба гуфтаи ӯ, донишгоҳро лозим омад барои он ба кишвари ҳамсоя кӯч бандад, ки Вазорати маорифи ҶТ мӯҳлати иҷозатномаи онро барои идомаи пешниҳоди хизматрасониҳои маърифатӣ тамдид накардааст.
«Дар таърихи 9-уми июни соли ҷорӣ байни вазорати маорифи Русия ва Қирғизистон созишнома дар бораи ифтитоҳи донишгоҳ дар Қирғизистон ба имзо расид ва мо имкон пайдо кардем, ки ба Қирғизистон кӯч бандем, - изҳор дошт ректор. - Дар Қирғизистон ба мо дар майдони 6 ҳазор метри мураббаъ бинои сеошёна ҷудо карданд, ки ҷиҳати ҷобаҷогузории таҷҳизот ва синфхонаҳои дарсӣ шароити мусоид дорад».
«Айни замон ҳуҷҷатҳои довталабонро аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ қабул карда истодаем, - идома дод М.Боқиев. - Соли равон ҳудуди 200-250 нафар донишҷӯён қабул карда мешаванд ва шумораи умумии донишҷӯён дар шӯъбаи рӯзона ва ғоибона ба 1500 нафар мерасад».
Ба қавли М.Боқиев, дар донишгоҳ ҳамчунин факултаҳои нави равоншиносӣ ва иқтисоди байнулмилалӣ ифтитоҳ гардидаанд.
Донишҷӯёни вилояти Суғд ҷиҳати равуо ба донишгоҳ мушкилие ҳис нахоҳанд кард, зеро аз шаҳри Хуҷанд то ин ҷо хатсайри мунатазами нақлиёти ҷамъиятӣ амал мекунад.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста