Кӯлоб. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар Кӯлоб 160 нафар духтарон курсҳои 3-моҳаи дӯзандагиро, ки Кумитаи имдоди имом Ҳумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон (ҶИЭ) ташкил дода буд, хатм карданд.

Ба ду нафар духтарон мошинаҳои дӯзандагӣ тақдим гардида, онҳо барои саёҳат ба Эрон даъват карда шуданд.

Дар маросими супоридани гувоҳнома намояндагони сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон ва роҳбарони намояндагии кумитаи мазкур дар ҶТ иштирок карданд.

Айни замон қабули духтарон ба курсҳои навбатии омӯзишӣ оғоз ёфт.

Кумитаи имдоди имом Ҳумайнӣ дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба ҷуз ташкили курсҳои омӯзишӣ, ба 850 оилаҳои бесаробон, яккаву танҳо ва ятимон бо маводи ғизо ва дигар лавозимоти зарурӣ кӯмак мерасонад.