Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) ва Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) нисбат ба корбурди пешгирифтаи бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» изҳороти этирозӣ пахш намуданд.
Дар санади аз ҷониби раиси ИЖТ Акбаралӣ Сатторов ва мудири АМВАОМТ Нуриддин Қаршибеков имзошуда аз такрорёбии ҳодисаҳои фишор ба рӯзноманигорон аз ҷониби садорати бахши тоҷикии радио ва хусусияти тамоюлӣ пайдо намудани чунин амали номатлую изҳори нигаронӣ карда шудааст.
Муаллифон бе асоси воқеӣ ва бар хилофи қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба меҳнат аз кор ронда шудани журналисти маъруф Холиқи Сангин ва ҳам акнун ба зуҳури эътироз аз сиёсати таҳмилии роҳбарияти радио, ки боиси касри шаъни рӯзноманигори тоҷик гардидааст, истеъфо рафтани рӯзноманигори шинохта, ходими собиқадори ин идора Сайёфи Мизробро мисол оварда, далолат бар он доранд, ки дар идораи радио фазои номусоиди корӣ ба вуҷуд омада, роҳбарияти он дар ҳалли ихтилофҳои дохилӣ ва муносибат бо ходимон сиёсати табъизгароиро роиҷ донистааст.
«Раёсати ИЖТ ва АМВАОМТ бидуни дахолат ба низоми кори Радио, аз ҳуқуқҳои касбӣ ва меҳнатии ҳамтоёни худ дифоъ намуда, аз раванди пешгирифтаи садорати Радио дар ҷодаи муносибат бо хабарнигорони маҳаллӣ аз номи ҷомеаи журналистии ҷумҳурӣ эътироз баён мекунад», - таъкид шудааст дар изҳорот.
“Кӯдаконро дошта намешавад”. Андешаи сокинон дар бораи манъи идгардак
Иди саиди Қурбон муборак!
“Сӯи душман тез кардам ман қаламро...”. Зулфия Атоӣ 70-сола шуд
Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?
Интихоботи Эрон. Кӣ президент мешавад ва муносибат бо Тоҷикистон тағйир мехӯрад?
“Муллои ҷинбарор” боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд
Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт шудааст
Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?
Боздошт ва ҳабси шавҳари блогери тоҷик баъди шикояташ оид ба хушунат
Дар Петербург зани тоҷик худро аз паси писари аз тиреза афтодааш ба замин партофт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста