Душанбе. 14 -уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Яке аз сохторҳои Бонки рушди Осиё эълом доштааст, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Осиёи дар ҳоли рушд қарордошта» барои рӯзноманигорон ва нашрияҳое, ки ба тамоюли рушд ва нуфузи минтақаи Уқёнуси Ором сарукор доранд, озмуни тоза эълон намояд.

Аз дафтари намояндагии бонк дар Тоҷикистон хабар доданд, ки ҳайати ҳакамон 25 мақолаҳои беҳтаринро интихоб хоҳанд намуд, ки дар тӯли солҳои 2007-2008 нашр шудаанд.

Муаллифони мақолаҳо моҳи ноябри соли 2008 ба семинари чаҳоррӯза ба Токио даъват карда хоҳанд шуд, ки ба онҳо аз рӯи   мавзӯъҳои «ҳамгиройии минтақавӣ», «зерсохтор» ва «ҳифзи муҳити зист» ҷоизаҳо супорида мешаванд.