Ғарм. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ноҳияҳои водии Рашт тайи 6-7 соли ахир масъалаи зиёни гамбӯсаки колорадӣ ба ҳосили картошка ба мавзӯи мубрами рӯз табдил ёфтааст.

Муовини раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқов гуфт, ки дар минтақа гамбӯсаки колорадӣ ҳангоми овардани картошкаи тухмӣ аз Голландия пайдо шудааст. «Он ҳангоми шинонидани картошка ба замин пайдо мешавад, - идома дод ӯ. - Бахусус он дар ноҳияи Ҷиргатол, ки ҳосили картошкаи он ҳам аз ҷиҳати сифату ҳам ҳосилнокӣ беҳтар аст, бештар ба мушоҳида мерасад».

«Солҳои ахир он масъалаи доғи рӯз гаштааст ва вазорати кишоварзиву мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ба кишоварзон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар нест кардани он дасти ёрӣ дароз кунанд, - таъкид сохт муовини раиси ноҳия, - Алҳол сокинон субҳгоҳон гамбӯсакҳоро дар сатил ҷамъ карда, онро месӯзонанд».

Тибқи маълумоти намояндагони созмонҳои байнулмилалии FAO , UNDP ва Бунёди Оғохон, онҳо сокинон ва хоҷагиҳои фермериро бо обпошакҳо таъмин сохтанд, доруро худи сокинон харидаанд.

Дар ҳамин ҳол, кишоварзон мегӯянд, ки аз ҷониби вазорати кишоварзӣ алҳол ҳеҷ кӯмаке нарасидааст.