Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз вазири корҳои дохилии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов бо якчанд кормандони ҳайати шахсии вазорат ба шаҳри Хоруғ рафт.

Аз вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сафари вазир бо мақсади таъмини амният ва риояи қонуну тартибот зимни боздиди сарвари давлат аз Бадахшон ахири ҳамин ҳафта анҷом мегирад.

Зимни сафар Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон шинос мегардад.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати шахсии вазорат то санаи 21-уми июл ба тарзи тартиби фаъолияти хизматии низоми шадид гузаронида шудааст.