Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Хатлон-пресс» - Як гурӯҳ коргарони нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда-1 шикоят аз мушкилоти пардохти музди меҳнат карданд.

                Раҳматулло Иззатов, механики колоннаи механиконидашудаи ҶСК «Гидроэнергосстрои Осиёи Миёна» дар сӯҳбат чунин иброз доштааст: «Аз моҳи марти ҳамин сол то инҷониб маош нагирифтаем.»

               Патов Геннадий Ахмедович, директори ҳамин ширкат бошад, ба иттилои коргарон, аввали сол 200 нафар беҳтарин мутахассисони тоҷикро аввал муваққатан, баъд пурра аз кор пеш кард. Ҳамакнун коргарони рондашуда ҳудуди 4 моҳ мешавад, ки мунтазам, барои дарёфти ҷаноби Патов ва гирифтани маош ба шаҳри Душанбе ва нерӯгоҳ мераванд. Директори ширкат бошад, ҳамвора ба онҳо ваъдаи фардо медиҳад.

           Ҳам коргарон аз он шикоят доштанд, ки мақомоти роҳбарӣ ваъда дода буданд, ки бо ба истифода дода шудани агрегати дуюми ҳамин нерӯгоҳ ба ҳама мукофотпулӣ медиҳанд, аммо боз дучори ваъдаи пуч шуданд.