Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Санаи 18-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мизи мудавар оид ба баррасии тарҳи Кодекси ахлоқи касбии рӯзноманигорон баргузор мешавад.

Аз иттиҳодияи ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» хабар доданд, ки дар мизи мудаввар инчунин лоиҳаи «Савганди рӯзномнигор» низ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Дар лоиҳаи «Савганди рӯзноманигор» аз ҷумла гуфта мешавад, ки бо касби вазифаи рӯзноманигорӣ ва оғози фаъолият шаҳрванд бояд ҳамеша ва комилан масъулиятро назди ҷомеа ҳис намояд, ба муттаҳамкунии беасос, тақаллубкории санадҳо, таҳрифи далоил ва плагиат роҳ надода, танҳо он иттилоотеро пахш созад, ки ба эътимоднокии он мутмаин аст.

Чорабинии мазкурро иттиҳодияи ҷамъиятии «Иттилоот ва муошират» ва департаменти иттилооти вазорати корҳои хориҷии ҶТ созмон медиҳанд.