Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар шаҳри Истаравшан маросими ифтитоҳи расмии Маркази дуюми намунавии тибби оилавии вилояти Суғд баргузор шуд.

Мушовир оид ба иттилооти сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Нигина Алиева хабар дод, ки Маркази намунавӣ дар натиҷаи шарикӣ ва ҳамкории Вазорати тандурустии ҶТ, Лоиҳаи USAID «ЗдравПлюс», Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва ҳукумати шаҳри Истаравшан таъсис дода шудааст.    

Ӯ ёдовар шуд, ки пурзўр намудани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва татбиқи тибби оилавӣ самтҳои афзалиятнок буда, дар ҳуҷҷатҳои «Консепсияи ислоҳоти тандурустӣ» ва «Стратегияи миллии паст кардани сатҳи камбизоатӣ» дарҷ ёфтаанд.   

«Ин маркази намунавии тибби оилавӣ дар вусъат додани бартариҳои зиёди кӯмаки аввалияи тиббӣ – санитарии шаҳри Истаравшан қадами муҳим мебошад, - идома дод Н.Алиева. - Маркази мазкур дар заминаи Маркази саломатии шаҳрӣ таъсис дода шуда, ба аҳолӣ хизматрасониҳои васеи тиббиро пешниҳод менамояд».

Бино ба иттилои манбаъ, Маркази намунавии тибби оилавӣ инчунин ба сифати пойгоҳи таълимӣ барои омӯзиши муттасили кормандони тиб ва барои тайёр намудани мутахассисон дар самти тибби оилавӣ истифода бурда мешавад. «Шумораи кофии табибони оилавии соҳибтаҷриба барои бомуваффақият татбиқ намудани институти тибби оилавӣ дар Тоҷикистон давраи дигаргуншавии қатъӣ мебошад», - гуфт ӯ.

  Вазорати тандурустӣ қайд намудааст, ки эҳтиёҷоти муассисаҳои КАТС ба табибони оилавӣ 4000 нафарро ташкил менамояд. Маркази намунавии мазкур барои расидан ба ин мақсадҳо нақши му;имро мебозад.

Маълумотнома: Лоиҳаи «ЗдравПлюс» яке аз чандин лоиҳаҳост, ки аз тарафи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Аз соли 1993 то инҷониб мардуми Амрико ба воситаи USAID ба миқдори 300 млн. доллар кӯмак намуд. Маблағҳои мазкур барои дастгирии рушди иқтисод, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва институтҳои демократӣ дар Тоҷикистон равона гардидаанд.