Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки камобӣ дар минтақаи шимоли кишвар боиси норасоии орд ва зироати ғалладона дар ҷумҳурӣ шуда наметавонад.
«Ҳарчанд дар шимоли кишвар ба иллати камобиву хушкии имсола ҳосили дилхоҳ ба даст наомада бошад ҳам, дар манотиқи дигари кишвар ҳосили зироати ғалладона хуб аст», - гуфт ӯ ва афзуд ки истеҳсоли зироати ғалладона дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта афзудааст.
Вазир гуфт, ҳукумати кишвар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз норасоии орд дар бозори дохилӣ ва афзоиши захоири давлатии зироати ғалладона маблағгузориро аз воситаҳои буҷавӣ зиёд кард.
Ба гуфтаи вазир, вазорат ба парлумони кишвар лоиҳаи қонунеро ирсол кардааст, ки дар он аз 20 то 10 дарсад коҳиш додани андоз аз арзиши изофа барои воридоти зироати ғалладона ба кишвар пешниҳод шудааст.
«Кам кардани андоз аз арзиши изофа яке аз омилҳоест, ки ба коҳиши нарх дар бозори дохилӣ мусоидат менамояд», - гуфт Ғ.Бобозода ва афзуд, ки айни замон нархи чунин маҳсулот мӯътадил нигоҳ дошта мешавад.
«Дар Тоҷикистон зироати ғалладона ба миқдори кофӣ захира шудааст ва ҷумҳурӣ минбаъд бо мушкилоти таъмини орд мувоҷеҳ нахоҳад гашт», - баён дошт дар анҷом вазир.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста