Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар пешорӯи баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Тоҷикистон ҷаласаи раёсати Шӯрои корӣ ва Шӯрои ҳамкории байнибонкии ин созмон доир мегардад.

Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ҷаласаи корӣ 26-уми август дар Душанбе баргузор шуда, дар он масоили амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ, рушди бахши сайёҳӣ ва мушкилоти соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар ҷаласа Тоҷикистонро ҳайати кишвар таҳти роҳбарии раиси қисми миллии Шӯрои кории СҲШ, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид роҳбарӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, аз Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» хабар доданд, ки аз 24 то 27 август дар шаҳри Хуҷанд Маҷлиси 4-уми Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ баргузор мегардад. Дар маҷлис намояндагони бонкҳои кишварҳои узви созмон масъалаҳои ҳамкории бонкҳоро баррасӣ хоҳанд кард.