Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати баррасии масоили стратегияи рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон дар кишвари мо қарор дорад.
Аз намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳайатро сармутахассиси соҳаи энергетикаи минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии бонк Рагувир Шарма роҳбарӣ намуда, боздид бо мақсади назорати ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо дар бахши энергетика, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешаванд, сурат мегирад.
Интизор меравад, ки имрӯз Рагувир Шарма бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Зимни боздид ҳайати намояндагони бонк бо роҳбарони вазоратҳои энергетикаву саноат, молия, рушди иқтисод ва савдо ва ширкати «Барқи тоҷик» дидору гуфтушунид намуд.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста