Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар шаҳри Сочи дар доираи баргузории машварати 21-уми муштараки шӯро ва гурӯҳи ҳамоҳангсози коршиносони «Евразия» миёни муассисаҳои хадамоти ҳавонавардии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Созишномаи таъсис додани Хадамоти байнулмилалии ҳавонавардӣ ба имзо расид. Дар ин бора хабаргузории ИТАР-ТАСС-и Русия хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки таъсиси Хадамоти байнулмилалии ҳавонавардии «Восток» ба таҳкими амнияту бехатарӣ, роҳандозии муназзами ҳаракат, таъмини банақшагирии стратегӣ, ҳамоҳангсозии амалиёти муштарак ҷиҳати такмилу азнавсозии воситаҳо ва автоматикунонии назорати парвози ҳавопаймоҳо муосидат хоҳад намуд.
Раиси гурӯҳи ҳамоҳангсозии коршиносони «Евразия», директори маркази «Узаэронавигатсия» Алишер Ашӯров гуфтааст, ки «таъсиси хадамот мустақиман ба бехатарии парвозҳо мусоидат намуда, роҳбарони мақомоти марбутаи кишварҳоро ӯҳдадор месозад, ки баҳри таъмини муназзамӣ ва бехатарии парвозҳо муқаррароти созишномаро ба иҷро расонанд».
Дар мусоҳиба ба хабарнигори газетаи «Российская газета» роҳбари Хадамоти федеролии ҳавонавардии Русия А.Нерадко изҳор доштааст, ки дар амал ҷорӣ сохтани муқаррароти созишнома ба камшавии хароҷоти сӯзишвориву захираҳои техникӣ мусоидат мекунад, зеро «акнун барои парвози ҳавопаймоҳо хатсайрҳои кӯтоҳтарин ва «мустақим» интихоб хоҳанд шуд».
Мувофиқи маълумоти мавҷуда, дар фазои кишварҳои узви Хадамоти байнулмилалии ҳавонавардӣ ҳамеша беш аз 150 ҳазор нафар одамон қарор доранд.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста