Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Кишоварзони ҷумҳурӣ 90 дарсади зироати ғалладонаро ҷамъоварӣ карданд.

Аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то имрӯз дар кишвар 405 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шуда, 360 ҳазор тоннаи он гандум мебошад ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта гандуми ҷамъовардаи деҳқонон ба 298,5 тонна баробар буд.

Тибқи маълумоти вазорати кишоварзӣ, соли равон ҳосилнокии зироати ғалладона 18,7 сентнерро аз як гектар ташкил додааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳосили имсола 60-70 дарсади талаботи аҳолии ҷумҳуриро қонеъ месозад.

Ёдрас мекунем, ки соли ҷорӣ зироати ғалладлона дар майдони беш аз 292 ҳазор гектар кишт шуда, 220 ҳазору 389 гектари онро гандум ташкил медод.