Душанбе. 9-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар маҷлиси ҳисоботии мақомоти иҷроияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ташкилоти ҳизбии вилояти Суғд созмони фаъолтарини ҳизб дониста шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода хабар дод.

Номбурда мегӯяд, ки фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ва шӯъбаи фарҳанги мақомоти марказии ҳизб ғайриқаноатбахш арзёбӣ шуданд.

«Мақомоти раҳбарии созмонҳои минтақавии ҳизб ӯҳдадор карда шуданд, ки то ҷаласаи навбатии ҳисоботӣ дар моҳи ноябр номзадҳои худро ба интихоботи парлумонӣ пешниҳод созанд», - гуфт Ҳ, Сайфуллозода.

Ба қавли сухангӯи раиси ҲНИТ, дар фарҷоми ҷаласа мақомоти раҳбарӣ аз афзудани ҳодисаҳои таъқиби чанде аз фаъолони ҳизб изҳори нигаронӣ кард.