Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Биржаи меҳнати ҷавонон, ки дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон амал мекунад, аз оғози сол 300 нафар ҷавононро барои кор ба Русия сафарбар кардааст.
Дар нишасти матбуотӣ раиси кумита Маликшо Неъматов изҳор дошт, ки биржа на танҳо дар ҷойи бо кор таъмини намудани муҳоҷирон дар хориҷи кишвар, балки дар сурати зарурӣ ва пайдо накардани маблағи роҳкирои баргаштан ба ватан низ кӯмак мерасонад.
Номбурда афзуд, ки аз соли 1999 то инҷониб тавассути биржаи меҳнати кумита дар пойтахт, ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва маркази маъмурии вилояти Хатлон 8 намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ ташкил карда шуда, ба ҳудуди 7 ҳазор нафар шаҳрванд ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудан дар хориҷа мусоидат карда шудааст.
Тибқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, феълан ҳудуди 700 ҳазор нафар тоҷикистониён дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста