Душанбе.7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Баъди ба истифода додани агрегати саввуми нер ӯ гоҳи «Сангт ӯ да-1» Ширкати саҳомии холдинги кушодаи (ШСХК) «Барқи то ҷ ик» интиқоли барқро ба аҳол ӣ   ва корхонаҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ як соат зиёд кард.

            Тавре сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, феълан ба ҷуз пойтахти ҷумҳурӣ, марказҳои вилояту ноҳияҳо, интиқоли барқ аз соати 6 то 9-и субҳ ва аз соати 17.30 то 21.30 дақиқаи шом ба роҳ монда шудааст. То ин дам ба аҳолии минтақаҳо аз соати 6 то 9-и субҳ ва аз соати 18 то 21-и шом нерӯи барқ дода мешуд.

            «Раиси ширкат ба хадамоти танзимкунанда ва роҳбарони шабакаҳои барқи ширкат ҷиҳати риояи реҷаи мазкур супоришоти мушаххас дод», - гуфт манбаъ.

            Н.Ёдгорӣ таъкид сохт, ки дар Душанбе, маркази вилоятҳо ва дигар шаҳрҳо нерӯи барқ мунтазам интиқол дода мешавад.