Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Газетаи «Новие известия» бо истинод ба муовини директори Донишкадаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Владимир Жарихин хабар медиҳад, ки феълан дар қаламрави пасошӯравӣ кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Молдова аз ҳама камтар аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ хисорот бардоштаанд. «Ба ин кишварҳо мавҷи дуввуми бӯҳрон, ки бар асари он коҳиши суръати афзоиш ба амал омада, талабот ба захоири ашёи хом ва ғизо камтар мешавад, таъсир хоҳад гузошт ва он пас аз гузашти ним сол ба вуқӯъ хоҳад пайваст», - гуфтааст ӯ.
Дар шарҳи ин изҳороти коршиноси русиягӣ, доктори улуми иқтисод, профессор, мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ҳоҷимуҳаммад Умаров чунин ибрози назар кард, ки оқибатҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ аллакай ба Тоҷикистон асар карда истодаанд. «Имрӯз ба мо хабарҳое мерасанд, ки ҳаҷми маблағи интиқолии муҳоҷирони тоҷик ба ватан коҳиш ёфтааст ва ба он аз кор хориҷ гаштани ҳамватанони мо дар ширкатҳои сохтмонӣ боис шудааст», - гуфт ӯ.
Ҳ.Умаров таъкид сохт, ки баъди чанде дар Тоҷикистон арзиши маводи ғизоӣ боло хоҳад рафт. «Алҳол арзиши маводи ғизо ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт, вале ба иллати поин рафтани ҳаҷми истеҳсолоти ин мавод дар миқёси ҷаҳон дар ҷумҳурии мо низ нархҳо боло хоҳанд рафт», - афзуд олим.



"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста