Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Тоҷикистон аз лиҳози афзоиши шумори аҳолӣ миёни кишвархои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеъи аввалро ишғол мекунад.

Дар гузориши ба тозагӣ интишорнамудаи Бунёди нуфуси СММ, аз ҷумла пешгӯӣ шуда, ки то соли 2050, ҳамасола аҳолии кишвари мо 1-уним дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

  Дар баёния ҳамчунин оварда шудааст, ки миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ нишондодҳои бадтарин оид ба тағйири шумораи аҳолӣ дар Молдова ба қайд гирифта шудааст.

Зикр гардидааст, ки то соли 2050 теъдоди аҳолӣ дар сартосари ҷаҳон 1-у ним баробар зиёд гардида, ба 9 миллиарду 200 миллион нафар хоҳад расид.

Коршиносон ҳамчунин пешгӯӣ мекунанд, ки то соли 2050 теъдоди аҳолии Русия баръакс коҳиш ёфта, 107 миллиону 800 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод.

Бино ба пешгӯии СММ, камтар аз ним аср баъд, Ҳиндустон аз лиҳози афзоиши шумораи аҳолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин пеш гузашта, унвони сераҳолитарин кишвари оламро касб хоҳад кард.