Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» -
Анҷоми корҳои сохтмон дар нақби
«
Истиқлол
» 20-уми ноябр пешбинӣ шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, бетонпӯш кардани 454 метри нақб боқӣ мондааст. «Ҳамарӯза коргарон 66 метри мукааби роҳи нақбро бетонпӯш мекунанд», - гуфт сарчашма.
Зикр гардид, ки феълан дар иншооти мазкур 220 нафар машғули коранд, ки 197 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Тибқи супориши вазири нақлиёт ва комммуникатсияи ҷумҳурӣ Абдураҳими Ашӯр чанде қабл баҳри суръат бахшидан ба корҳои сохтмони нақб гурӯҳи корӣ бо шумули 42 нафар ташкил гардида, ба иншоот сафарбар гардида буд.
Ёдрас мекунем, ки бо супориши президенти Тоҷикистон баҳри халал нарасонидан ба корҳои сохтмончиён аз 12-уми сентябри соли ҷорӣ ҳаракати нақлиёт дар нақби «Истиқлол» манъ карда шуда буд ва сохтмончиён ба сарвари давлат ваъда дода буданд, ки дар муддати 35 рӯз ҳамаи корҳои пешбинишударо ба анҷом мерасонанд.



Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста