Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Сардори департаменти таъминот бо маҳсулоти нафту газ ва ангишти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Ёраҳмад Бекаҳмадов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки таъминот бо гази табиӣ, ки 10 рӯз пеш қатъ гашта буд, баъд аз таърихи 20-уми ноябр барқарор хоҳад шуд.
Ба қавли ӯ, талаботи нақлиёт ва аҳолии кишвар ба гази моеъ ҳамарӯза то 40 тоннаро ташкил медиҳад. «Таъминкунандагони асосии Тоҷикистон бо гази моеъ ҶДММ «ТоҷИрон» ва ҶДММ «Газпром нафт-Тоҷикистон» (корхонаи фаръии ҶСК «Газпром нафт») мебошанд. Доир ба шарҳи сабаби қатъ гаштани таъминот номбурда чизе нагуфт.
Қобили зикр аст, ки тайи ду ҳафтаи ахир норасоии гази моеъ дар кишвар шадидан эҳсос мегардад. Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» кӯшиш кард, то аз ширкатҳои дар боло зикргардида доир ба иллати қатъи таъминоти гази моеъ маълумоте ба даст орад, вале он муяссараш нагардид. Дар ҶДММ «ТоҷИрон» аз пешниҳоди маълумоти зарурӣ худдорӣ карда, телефонҳои ҶДММ «Газпром нафт-Тоҷикистон» ба иллати напардохтани ҳаққи хизматрасонӣ хомӯш карда шуда буданд.



Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста