Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Маркази иттилооти Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ камтар аз 1 фоизи аҳолӣ ба шабакаи Интернет дастрасӣ доранд. Дар ин бора дар мулоқоти дурӯзаи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Бангкок гузориш дода шуд.
Дар гузориши комиссия ба ҳозирин маълумот дода шуд, ки дар Зеландияи Нав, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Сингапур ва Малайзия аз шабакаи ҷаҳонии Интернет 50-80 фоизи аҳолӣ истифода мебарад, вале дар Тоҷикистон, Мянма, Камбоҷа ва Бангладеш ин нишондиҳанда камтар аз 1 фоизро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, 20 фоизи аҳолии минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором бо Интернет фаро гирифта шудаанд.
Гуфта мешавад, ки вазъ бо истифодаи телефонҳои мобилӣ каме дигаргун аст. Дар тӯли солҳои 2000-2007 шумораи истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ дар Осиёи Ҷанубӣ 70 баробар ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба андозаи 40 баробар афзудааст.
Иштирокдорони мулоқот роҳандозии кӯшишҳои таъмини дастрасии баробари аҳолии кишварҳои минтақа ба воситаҳои нави алоқаро таъкид сохтанд, зеро дар замони кунунӣ он яке аз омилҳои рушд ва расидан ба ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мебошад.



Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста