Душанбе. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо сафири Олмон дар ҷумҳурӣ Дорис Хертрампф масъалаи дурнамои рушди ҳамкории кишварҳо дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, Қ.Қосимов дастовардҳои кишвари Олмонро дар рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла содироти техникаву таҷҳизот, мавод ва фановариҳои замонавӣ барои бахши кишоварзӣ, атоматикунонии равандҳои технологӣ дар чорводорӣ, паррандапарварӣ ва таҷдиди умумии соҳаи кишоварзӣ баланд арзёбӣ намуд.
Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ ба сафири Олмон барои тайёр кардану бозомӯзии мутахассисони соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ва дастгирии молиявии Олмон изҳори миннатдорӣ намуд. Дар навбати худ, сафири Олмон таҳкими ҳамокриҳоро миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Макатаби олии Вайенштефан ва созмони «Инвент», ки фаъолияташон ба соҳаи кишоварзӣ марбут аст, таъкид сохт.
Сафири Олмон изҳори боварӣ кард, ки ба таҳкиму густариши ҳамкориҳо Барномаи чанде қабл ба имзо расидаи кӯмаки Олмон ба Тоҷикистон ба маблағи 36 млн. Евро мусоидат хоҳад кард. Ҷонибҳо инчунин ба масъалаи беҳбуди низоми обёрикунии Тоҷикистон, ки 60 фоизаш тавассути механикӣ кор мекунанд, таваҷҷӯҳ зоҳир сохтанд.
Дар анҷоми мулоқот Д.Хертрампф изҳори умеду боварӣ кард, ки бахши кишоварзии Тоҷикистон моҳи феврали соли оянда дар Ярмаркаи ҷаҳонии маҳсулоти кишоварзии «Олами сабз» дар Олмон фаъолона ширкат хоҳад варзид. «Мо минбаъд низ амалисозии лоиҳаҳои пурсамару умедбахши бахши кишоварзии Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳем кард», - афзуд ӯ.



Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста