Кӯлоб. 19-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар шаҳри Кӯлоб Маркази ҷумҳуриявии таълими иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушд мизи мудаввар доир намуд.

            Тавре коршиноси марказ, сиёсатмадор Раҳматилло Зойиров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мизи мудаввар дар доираи татбиқи лоиҳаи «Сиёсати минтақавӣ чун қисми стратегияи миллии рушд» баргузор гашта, он аз ҷониби Идораи рушду ҳамкории Швейтсария ( SDC ) маблағгузорӣ карда мешавад.

            Ба қавли Р.Зойиров, «бо оғози роҳандозии ислоҳоти иқтисодӣ, ҷумҳурӣ ба мушкилоти афзоиши тафриқаандозии минтақаҳо дучор гаштааст».

            Коршинос зикр кард, ки сиёсати мавҷудаи давлатии иқтисодӣ ба бартараф сохтани фарқиятҳои минтақавӣ ва масъалаи танзими давлатии рушди минтақаҳо таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намесозад, ҳарчанд ин мушкилот яке аз мушкилоти умда аст.

            Р.Зойиров андешаи худро чунин шарҳ дод, ки иқтисоди Тоҷикистон фарогири минтақаҳои зиёдест ва амалисозии сиёсати минтақавии макроиқтисодӣ, ки ба ҳалли мушкилоти тафриқаандозии фазои иқтисодӣ нигаронида шудааст, хеле муҳим аст. Дар мизи мудаввар намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва ВАО иштирок карданд.