Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мирзошариф Исломиддинов дар шарҳи изҳороти имконияти барқароркунии мақоми рубли Русия дар қаламрави пасошӯравӣ чунин ибрози назар намуд, ки имкони истифодаи он дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чун асъори муомилотӣ миёни кишварҳо иқдоми воқеӣ аст, вале ба иллати ҷой доштани монеъаҳои субъективӣ амалисозии он ҳанӯз барвақт мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, «ташкили минтақаи гардиши рубл заруру имконпазир асту кор чунин сурат гирифта истодааст, вале он танҳо дар назар осон менамояд». «Ба ташкили «минтақаи гардиши рубл» сатҳи гуногуни рушди иқтисоди кишварҳои ИДМ монеъа эҷод мекунад ва кишварҳои дорои иқтисоди пуриқтидор, дар навбати аввал Русия бояд ба бартараф сохтани ин монеъа мусоидат намоянд», - гуфт ӯ.
Ба ақидаи М.Исломиддинов, ниҳодҳои молиявии кишварҳои иттиҳод бояд доир ба роҳҳои имконпазир ва тарзи амал дар ин самт миёни худ гуфтушунид кунанд. «Алҳол танҳо ақидаҳо мавҷуданд, вале нақшаи татбиқи чунин лоиҳа вуҷуд надорад», - афзуд ӯ.
М.Исломиддинов бар ин назар аст, ки мусоидати як қатор омилҳо ба ташкили асъори ягонае чун Евро ҳатмист. «Қабл аз ҳама, иродаи сиёсии сарони кишварҳои дорои иқтисоди пуриқтидор, сипас гуфтушуниди иқтисодчиён ва амалисозии чораҳои омодагӣ ва ба эътибор гирифтани оқибатҳои он лозим аст», - таъкид сохт ӯ.
Намояндаи мардумӣ афзуд, ки татбиқи муваффақонаи нақшаи ташкили «минтақаи гардиши рубл» ба рушди иқтисоди кишварҳои камбағал чун Тоҷикистон таъсири мусбат хоҳад расонд, албатта, дар сурате, ки агар онҳо дар ин иқдом шарик бошанд.



Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста