Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов ва сафири Исроил дар Тоҷикистон Эҳуд Гол дурнамои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши кишоварзӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тавре сухангӯи вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар вохӯри имконоти роҳандозии ҳамкориҳои муштарак ҷиҳати ҷорисозии фановариҳои тоза дар бахши рустанипарварӣ, паррандапарварӣ, гармхонаҳо ва ғайра баррасӣ шуданд.
Қ.Қосимов барои дастгирии ташкили курсҳои омӯзишӣ дар доираи Маркази ҳамкории байнулмилалии «МАШАВ»-и Вазорати умури хориҷии Исроил ба дипломат изҳори миннатдорӣ намуд. Ғайр аз ин, Қ.Қосимов ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои пахтакорӣ, парваришу истеҳсоли зироатҳои ғалладонагӣ ва тухмипарварӣ пешниҳодҳои ҷолиб кард.
Ба қавли Н.Додобоев, сафири Исроил омодагии кишварашро баҳри густариши минбаъдаи ҳамкориҳо, ҷалби коршиносони Исроил ба Тоҷикистон ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар ин кишвар баён намуд. Дар маҷмӯъ, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои густаришу тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ
миёни кишварҳо имконоти бузург мавҷуданд.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста