Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо ноиби раиси Палатаи савдо ва саноати Полшаву Туркия Грзегорс Кобилетский миёни ин палатаҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

            Тавре аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, санади мазкур фарогири ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо мебошад.

            Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои иштироки ширкатҳои Полша дар фаъолияту рушди бахши кишоварзии ҷумҳурӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои хурд ва истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.