Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Масъалаи таъини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳаллу фасл қарор дорад.
Тавре мудири шӯъбаи кафолати конституционии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Юсуф Салимов ба рӯзноманигорон хабар дод, феълан ба сарвари давлат номзадҳо ба ин мансабҳо пешниҳод шудаанд ва президент оно мавриди омӯзиш қарор додааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки аз ҷониби ӯ лоиҳаи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ» ва консепсияи рушди минбаъдаи он таҳия гаштааст.
Ба гуфтаи Р.Зойиров, қонуни мазкур аз камбудиҳо орӣ нест, зеро интихобу таъин ва аз вазифа озод кардани ваколатдор аз ҷониби президент нодуруст аст. «Чунин ваколатҳо бояд ба парлумон дода шаванд», - гуфт ӯ.
Раиси ҲСДТ афзуд, ки тартиби аз вазифа озод кардани ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соддаву осон аст ва аз ин рӯ, ниҳоди мустақили ҷомеаи шаҳрванди шудани он ба гумон аст.



"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста