Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар вазорати молияи ҷумҳурӣ ҷиҳати беҳтар сохтани вазъи бозори молиявии кишвар ва дастгирии манфиатҳои сармоягузорон тадбирҳо андешида мешаванд.

            Тавре муовини директори агентӣ оид ба рушди бозори коғазҳои қимтноки вазорат Ҷамшед Шерматов изҳор дошт, сабаби зуҳури бӯҳрони молиявӣ маҳз ба шикасти бозори коғазҳои қиматноки кишварҳори ғарб марбут аст. «Бозори коғазҳои қиматноки кишвар ба рушд ниёз дорад ва зарурати андешидани тадбирҳо аз он низ срчашма мегирад», - гуфт ӯ.

            Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби вазорат самтҳои афзалиятноки фаъолият дар ин соҳа муайян карда шудаанд. «Аз ҷумла, ҷиҳати ҷалби захираҳои дохилӣ ба бозори бунёдӣ таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи коғазҳои қиматноки ипотекӣ ва гувоҳномаҳои манзили зист дар назар аст», - афзуд Ҷ.Шерматов.