Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Гуфтушуниди Тоҷикистону «Турбоатом» оид ба тайёр кардани таҷҳизот барои нерӯгоҳи Норак идома дорад.

Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, феълан гурӯҳи мутахассисони тоҷик перомуни ҳалли масъалаи тайёр кардани 6 чарха барои нерӯгоҳи Норак дар шаҳри Харкови Украина қарор доранд. «Гап сари он меравад, ки бар асари бӯҳрони молиявӣ нархи металл дар бозори ҷаҳонӣ якбора коҳиш ёфт ва акнун ҷонибҳо интизори мӯътадил гаштани он ҳастанд, то созишномаро ба имзо расонанд», - гуфт манбаъ.

Манбаъ афзуд, ки айни замон дар нерӯгоҳи Норак корҳои ивази чархаи агрегати саввуми нерӯгоҳ босуръат идома доранд. Қобили зикр аст, ки қаблан Тоҷикистон тайёр кардани се чархаро ба корхонаи механикии Сумск (Украина) фармоиш дода буд. Чархаи аввал моҳи июни соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ оварда шуда, ду чархаи дигар соли оянда тайёр карда мешаванд.