Соли 2025 барои аҳли фарҳанг, санъат ва адаби тоҷик ҳамчун соли талафоти сангин сабт шуд. Дар ин сол миллат бо шахсиятҳои барҷастае чун Асланшоҳ Раҳматуллоев, Кароматуллоҳ Мирзо, Гуландом Сафаралиева видоъ кард, ки талафоти гарон барои ҷомеа ва муҳити фарҳангии кишвар маҳсуб мешавад.

“Азия-Плюс” чун анъана ба соли сипаришуда назар кард ва аз чеҳраҳои шинохтаи кишвар, ки ин сол моро тарк гуфтанд, ёд овард.

 

Фарҳангу санъат

14-уми апрел Гавҳар Мирҷумъаева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, раққоса ва балетмейстери маъруфи тоҷик дар 83-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ оғози солҳои 2000-ум ба Исфара кӯчида, ансамбли рақсии “Зумрад”-ро таъсис дода буд ва то охири умр сарварии онро ба дӯш дошт. 

Ҳунарпеша дар гузашта саркоргардони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва роҳбари бадеии ансамбли рақсии “Фирӯза” буда, дар чанд филми истеҳсоли “Тоҷикфилм” низ ширкат кардааст.

 

Гавҳар Мирҷумъаева

Охири моҳи апрел ҷомеаи кишвар аз марги Асланшоҳ Раҳматуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон талх гирист. Ӯ 27-уми апрел дар 71-солагӣ моро тарк гуфт ва 28-уми апрел дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супурда шуд.

Асланшоҳ Раҳматуллоев на танҳо ҳунарпешаи нақшҳои фоҷеавӣ, балки яке аз ҳаҷвнигорони шинохтаи тоҷик буд. Таъбири “Аз гуноҳат гузаштам, ин сӯ гузар!”-и ӯ то имрӯз дар забони мардум зинда аст. Дӯстон ва ҳамкасбонаш аз ӯ чун тараннумгари синамо ва ҳаҷвнигори хуб ва инсони зиндадил ёд мекунанд.

 

Асланшоҳ Раҳматуллоев

Моҳе пас, 23-юми май Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохтаи кишвар дар 85-солагӣ дунёро падруд гуфт ва ӯро дар зодгоҳаш, деҳаи Дурбати шаҳри Ҳисор ба хок супориданд. Ӯ, ки дар беш аз 100 намоиши театрӣ ва 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст, аз ҳаҷвнигорони шинохта низ дониста мешуд ва аксаран бо Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва шинохтатарин ҳаҷвнигори тоҷик, нақшофарӣ мекард.

Ӯ дар намоишҳои маъруфи театри тоҷик, аз ҷумла “Табиби зӯракӣ”, “Дарди бадро давои бад”, “Дил дили Зайнаб”, “Интихоби домод”, “Садо аз тобут”, “Исёни арӯсон” ва филмҳои телевизионии “Як тиру ду нишон”, “Зумрад”, “Шикори охирин”, “Санам”, “Марги бегуноҳ” нақш офаридааст.

 

Саидмурод Мардонов

Поёни моҳи июн Шарофат Ёрова, яке аз ҳунарпешаҳои шинохтаи кишвар дар 87-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ беш аз 50 сол дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳунарнамоӣ карда, дар намоишномаҳои зиёде, мисли “Исёни арӯсон”, “Келини ғилдирак” ва “Панҷ зани Афандӣ” нақш офаридааст.

 

Шарофат Ёрова

Ҳафтае пас, 7-уми июл Тамара Абдушукурова, ҳунарпешаву коргардони тоҷик ва вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон дар 85-солагӣ даргузашт. Ин ҳунарпешаи тоҷик солҳои 1990-1992 ҳамчун вазири фарҳанги Тоҷикистон кор карда, муддате муовин ва баъдтар ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ҳам буд.

Ӯ дар саҳнаи театр бо иҷрои нақшҳои муассир, махсусан занони қавиирода дар хотираҳо нақш бастааст. Нақши Смералдино дар “Шоҳ Гавазн”, Варя дар “Ҷавоне аз шаҳри мо”, Бунафша дар “Деҳотӣ”, Нозӣ дар “Дуэл”, Мавҷуда дар “Иродаи зан” аз зумраи беҳтарин нақшҳои ӯ дар саҳнаи театр мебошанд. Ҳамчунин ба ҳайси коргардон намоишномаҳои “Никоҳи мунтахаб”, “Ёрони маҳбуб”, “Беҷиҳоз”, “Зангирӣ”-ро ба саҳна овардааст.

 

Тамара Абдушукурова

15-уми август Гуландом Сафаралиева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар синни 79 даргузашт ва ӯро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд. Ӯ аз ҳунармандони шинохтаи кишвар аст ва беш аз чил сол дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият карда, зиёда аз 70 образи хотирмон офаридааст. 

Гуландом Сафаралиева аз зумраи ҳунармандонест, ки ҳам дар намоишҳои фоҷиавӣ ва ҳам мазҳакавӣ бо маҳорати воло нақш бозидааст. Нақшофарӣ дар намоишномаҳои “Фоҷиаҳои хурд”, “Ҳуррият”, “Хизматгори ду хоҷа”, “Ваня-тағо”, “Эзоп”, “Ҳамлет”, “Шоҳ Лир”, “Тӯй”, “Имтиҳон”, “Бой ва хидматгор”, Интизорӣ”, “Охирин арӯси амиралмуъминин”, “Афсонаҳои мӯйсафед”, “Эдип”, “Нодира”, “Зебунисо” намунаи беҳтарини ҳунари ӯ дониста мешаванд.

 

Гуландом Сафаралиева

Рӯзи 22-юми ноябр бошад, Озод Маликов, коргардони тоҷик дар синни 60 даргузашт. Ӯ коргардон, наворбардор ва узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон буда, дар аввали солҳои 2000-ум ҳамчун коргардон дар “Азия-Плюс” ҳам кор мекард. 

 

Озод Маликов

Аҳли илму адаб

Соли гузашта барои аҳли зиёи кишвар бо марги Азим Байзоев, яке аз мубаллиғони омӯзиши забони тоҷикӣ, суханшинос ва шарқшиноси тоҷик дар моҳи феврал оғоз шуд. Ӯ 66 сол дошт ва дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси дотсенти кафедраи филологияи эронӣ фаъолият мекард. Ӯ ҳамчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият мекарданд аз ҷумла ба кормандони сафоратхонаҳои хориҷӣ ва худи сафирон забони тоҷикиро омӯзиш медод.

 

Азим Байзоев

6-уми март бошад Ромиш Шералӣ, писари шоири номвар Лоиқ Шералӣ дар 54-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ӯ писари дуюми Лоиқ Шералӣ буд ва солҳо ба тадвину ороиши китобҳо машғул мешуд. Ромиш Шералӣ солҳо дар нашриёти “Адиб” фаъолият дошт ва меросбари падараш дониста мешуду ҳама бойгонии падараш дар дасти ӯ буд.

 

Ромиш Шералӣ

Беш аз як моҳ пас, 8-уми апрел Светлана Герасименко, ситорашиноси маъруфи Тоҷикистон дар 80-солагӣ даргузашт. Ӯ соли 1973 бо даъвати Институти астрофизикаи Академияи илмҳои кишвар ба Тоҷикистон омада, то замони марг дар ин институт фаъолият кардааст.

Барои кашфи зузанаби Чурюмов-Герасименко, соли 2018 дар бахши илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино сарфароз шудааст. Ба номи Светлана Герасименко ба иловаи ин зузанаб, сайёра (сайёраи хурд) - рақами 3945, ки соли 1982 аз ҷониби Николай Черних кашф шудааст, низ номгузорӣ шудааст.

 

Светлана Герасименко

Оғози моҳи июн Саидҷаъфар Қодирӣ, физикдони тоҷик дар 85-солагӣ моро тарк гуфт. Ӯ яке аз олимони маъруфи тоҷик буда, аз соли 1962 инҷониб дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва як муддат дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ин олими тоҷик муаллифи беш аз 270 китобу рисола, тарҷумаҳо, таҳрирҳо, таҳияҳо ва мақолаҳост, ки дар риштаи физика ва усули таълими он, истилоҳшиносӣ эҷоди истилоҳот ва баъзе масъалаҳои забоншиносӣ таълиф шудаанд.

 

Саидҷаъфар Қодирӣ

20-уми октябри соли 2025 аҳли адаб ва ҷомеаи равшанфикри тоҷик Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва муаллифи асарҳои маъруфи “Дар орзуи падар” ва “Марги бегуноҳ”-ро аз даст дод. Ӯ 83 сол умр дошт ва аз адибони номвари тоҷик маҳсуб мешуд. Ҳамкасбону ҳамқаламонаш дар маросими хайрбод даргузашти Кароматуллоҳи Мирзоро талафоти бузург дар адабиёт гуфтанд ва ӯ бо васияти худаш дар зодгоҳаш – деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ, канори падараш ба хок супорида шуд.

Марҳум аз зумраи нависандагони камшумори тоҷик аст, ки ҷанги шаҳрвандиро рӯйи авроқи адабиёт оварда, дар романи “Марги бегуноҳ” ҳаводиси солҳои навадумро инъикос кардааст, ки аз рӯйи он филми ҳамномаш ҳам ба навор бардошта шудааст.

Романи дигараш, “Дар орзуи падар” низ, ки таъсири бади ҷанги шаҳрвандӣ ба тасвир кашида шудааст, яке аз маъруфтарин романҳои нависанда аст ва аз рӯйи он силсилафилми ҳамномаш ба навор гирифта шудааст.

 

Кароматуллоҳи Мирзо

Ахиран, 9-уми декабр Гули Зард, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик дар 62-солагӣ аз олам чашм баст. Номи аслии ӯ Гулӣ Зардова буда, бо тахаллуси Гули Зард эҷод мекард. Мавзӯи аслии эҷодиёти ӯ, иҷтимоиёт, масоили хонаводагӣ, қисмати занону духтарон ва ҳуқуқи онҳо буд.

Ӯ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ даҳҳо қиссаву ҳикоя эҷод ва таълиф кардааст. Аз ҷумла, “Дард”, “Бодоми шириндона”, “Ашки аҷал”, “Хазонрези орзуҳо”, “Худойдод”, “Ҳамели андешаҳо”, “Табассуми иқбол”, “Ишқи духтари пистафурӯш”, “Модаргург” аз ҷумлаи таълифоти Гули Зард мебошанд. Ӯ муаллифи чандин шеърҳо низ аст.

 

Гули Зард

Рӯзноманигорӣ 

Соли 2025 як зумра собиқадорони бахши журналистика низ даргузаштанд. Нахуст 22-юми январ Ҳабиб Саид, нависанда, рӯзноманигор ва блогнависи тоҷик, ки асосан ба таблиғу муаррифии таърих, адабиёт, мусиқӣ ва чеҳраҳои саршинос машғул буд, дар 71-солагӣ дар вилояти Оренбурги Русия аз олам чашм баст. Ӯ соли 1993 ба Русия ҳиҷрат кард ва то охири умр дар вилояти Оренбург умр ба сар бурд. То ҳиҷрат дар Тоҷикистон ба рӯзноманигорӣ машғул буд.

Ҳабиб Саид солҳои охир тавассути блог ва саҳифаҳои интернетӣ барои ҳифз ва муаррифии фарҳанги тоҷикӣ талош мекард. Ҳамчунин, дар бораи шахсиятҳои бузурги тоҷик, аз ҷумла устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, инчунин овозхони шаҳир Аҳмад Зоҳир дар интернет блогҳо сохтааст, ки маҷмӯи матолиб ва аксҳои нодири онон ҷамъоварӣ шудаанд. Фарҳангиён аз ӯ “зиндагардонандаи осори таърихӣ ва фарҳангӣ” ном бурда, мегӯянд, ки “кори як пажӯҳишгоҳро дар ҳамин фазо анҷом медод”.

 

Ҳабиб Саид

Рӯзи ҷашни Наврӯз, 21-уми март Тағоймурод Орифӣ, рӯзноманигори собиқадори телевизион ва матбуот аз олам чашм баст. Ӯ солҳо дар телевизиони “Тоҷикистон” фаъолият дошт ва чанд соли охир дар нашрияи “Минбари халқ” кор мекард. Инчунин, Орифӣ устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода низ буд.

 

Тағоймурод Орифӣ

Чанде пас, 11-уми апрел Олег Соболев, яке аз куҳансолтарин рӯзноманигорони Тоҷикистон дар шаҳри Волгоград дар 102-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ бо оилааш чанд сол пеш аз Душанбе ба он ҷо кӯчида буд.

Олег Соболев беш аз 50 сол - аз соли 1959 то 2013 ҳамчун мухбир ва муҳаррир дар хабаргузории давлатии “Ховар” (қаблан ТоҷикТА) кор кардааст. Баъд аз он ки бо сабаби вазъи саломатиаш аз журналистика рафт, ӯ ба навиштани китобҳо шурӯъ кард. Соли 2008 рӯзноманигор пурра биноиро аз даст дод, аммо боз ҳам китоб нашр мекард.

 

Олег Соболев

1-уми июн бошад, Қурбоналии Мақсуд, рӯзноманигори тоҷик дар 73-солагӣ бар асари беморӣ ин дунёро падруд гуфт. Ӯ таҷрибаи кори тарҷумонӣ дар Афғонистон, хабарнигорӣ дар радиои Тоҷикистон, Садои Хуросон ва баъзе аз нашрияҳои хусусии ҷумҳуриро дошт.

 

Қурбоналии Мақсуд

Ахиран Абдуқодири Раҳим, шоир, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик  дар 64-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ӯ солҳо дар телевизиони тоҷик, рӯзномаи “Мубориз”-и ноҳияи Восеъ, маҷаллаи “Фарҳанг” кор карда, муддате омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буд. Аз соли 1999 то рӯзи маргаш мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи “Ҷумҳурият” буд.

Абдуқодири Раҳим дар баробари рӯзноманигорӣ, инчунин ба шоириву нависандагӣ рағбат дошт ва аз охири солҳои 80-ум назму наср менавишт ва чандин китобҳо ба нашр расонидааст.

 

Абдуқодири Раҳим

 

Мансабдорон ва аҳли сиёсат

Рӯзи 14-уми феврал Абдулваҳобзода Темурҷон, директори Оҷонсии “Тоҷикстандарт” даргузашт. Ӯ моҳи ноябри соли 2020 ба ин вазифаи таъин шуда буд ва қаблан ҳамчун муовини директори ин ниҳод кор мекард.

 

Абдулваҳобзода Темурҷон

Баъди беш аз 5 моҳ, 16-уми июл Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон дар 74-солагӣ даргузашт. Ӯ яке аз мансабдороне буд, ки солҳои дароз дар бахши молияи кишвар кор карда, то ба маснади вазирӣ расидааст.

Наҷмиддинов 13 сол – аз соли 2000 то соли 2013 вазири молияи Тоҷикистон буд. Охирин вазифае, ки дошт, директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа буд, ки аз соли 2013 то соли 2019 кор кардааст.

 

Сафаралӣ Наҷмиддинов

Баъди ҳафтае Шодмон Юсуф, нахустин раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар синни 76 даргузашт. Ӯ 30 соли охир дар шаҳри Венаи Утриш (Австрия) кору зиндагӣ мекард ва дар бораи фаъолият ва ҳаёти шахсии ӯ қариб ки маълумоте дастрас набуд, зеро ӯ аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекард.

Шодмон Юсуф яке аз сиёсатмадорони шинохтаи солҳои навадуми асри гузашта буд. Ӯ дар саргаҳи таъсиси Ҳизби демократи Тоҷикистон қарор дошт ва соли 1991 раиси ин ҳизб интихоб шуд. Аммо дар саҳнаи сиёсии пурталотуми он солҳо натавонист дер пояд ва муваффақ шавад. Дар авҷи муқовиматҳои дохилӣ дар Тоҷикистон Шодмон Юсуф муддате роҳбарии нирӯҳои ҷонибдори Ҳукумати муросои миллиро дар ташкилоте бо номи “Ситоди Наҷоти Ватан” бар ӯҳда дошт, вале соли 1992, баъди пирӯзии сиёсӣ ва низомии “Фронти халқӣ” якҷо бо аксар ҷонибдоронаш аз Тоҷикистон берун ва муҳоҷир шуд.

 

Шодмон Юсуф

Чанд моҳ пас, 26-уми октябр Муҳаммадалӣ Очилдӣ, собиқ раиси шаҳри Ҳисор ва узви Маҷлиси миллӣ дар 68-солагӣ дар зодгоҳаш Ҳисор даргузашт. Ӯ солҳои 2004-2010 раиси шаҳри Ҳисор ҳамчунин узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.

 

Муҳаммадалӣ Очилдӣ

Аввали моҳи ноябр, 3-юми ноябр марги генерал-полковник Изатулло Шарифзода, маъруф бо лақаби “Зорро” дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Ӯ замони сардори Раёсати ВКД дар Душанбе ва раҳбари зиндонҳои Тоҷикистон будааш миёни мардум шинохта шуд ва аксар аз ӯ чун як генерали ҳақиқӣ ва барои пойдории суботу осоиштагии кишвар хидматкарда ёд мекунанд, аммо дар баробари ин, теъдоде ҳам аз ӯ чун як зиндонбони бетараҳҳум интиқод мекунанд.

Соли 2011, зимни боздид аз маҳбасҳои кишвар Иззатулло Шарифзода ба журналистон гуфта буд, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон тартибу низом ҷорӣ аст ва “Худо хоҳад дар мо ошӯб намешавад”, аммо пас аз 7 сол, ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд боиси аз вазифа барканор шудани ӯ шуд.

 

Изатулло Шарифзода

Чанде пас, 14-уми ноябр Турсунбой Раҳматов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон даргузашт. Ӯ ҳамчунин соли 1992 раиси шаҳри Хуҷанд буд.  Солҳои 2001-2004 ҳамчун вазири кишоварзӣ ва аз соли 2004 то 2008 ба ҳайси раиси ноҳияи Мастчоҳ кор карда, аз соли 2008 бознишаста буд.

 

Турсунбой Раҳматов

Охири моҳи ноябр Муҳаммад Шодиён, вакили парлумони Тоҷикистон аз ҲХДТ дар 60-солагӣ даргузашт. Ӯ то интихоб шуданаш ба ҳайси вакил дар соли 2020, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (аз соли 2012 то 2020) буд. Номбурда дар яке аз ҷаласаҳои аввалини парлумон, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон интихоб шуда буд.

 

Муҳаммад Шодиён

8-уми декабр бошад, Саидвалӣ (Сайвалӣ) Ӯзбеков, собиқ вакили Маҷлиси олии Тоҷикистон, муовини пешини раиси вилояти Хатлон ва соҳибкори замоне пурнуфузи тоҷик дар 65-солагӣ бар асари сактаи қалб аз олам чашм баст.

 

Саидвалӣ Ӯзбеков

10 рӯз пас бошад Хайриддин Абдураҳимов, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ва яке аз мансабдорони пешини калидии ҳукумат дар 69-солагӣ дар Душанбе даргузашт. 

Ӯ соли 1999 вазири амнияти Тоҷикистон таъйин шуд ва то соли 2006 дар ин вазифа буд. Соли 2006, пас аз тағйири сохтор, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шуд. Дар пайи фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе, 2-юми сентябри соли 2010, аз мақомаш барканор шуд. Аммо соли 2012 номбурда раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар таъйин шуд ва то соли 2016 дар ин мансаб кор кард. Баъдан, сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъин шуда, ноябри соли 2020 аз ҳамин вазифа ба нафақа баромад.

 

Хайриддин Абдураҳимов

 

Варзиш

Соли сипаришуда барои соҳаи варзиш низ беталафот набуд. 13-уми январ Олег Хабӣ, футболбоз ва сармураббии собиқи "Помир" дар 85-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ аз соли 1962 то соли 1972 дар дастаи “Помир”, ки қаблан “Энергетик” ҳам ном дошт, дар лигаи дуюм ва якуми класси “А”-и Иттиҳоди Шуравӣ баромад карда, дар 261 вохӯрӣ 14 гол задааст.

Олег Хабӣ баъди анҷоми корномаи футболбозӣ аз соли 1976 то соли 1988 узви ситоди мураббиёни “Помир”-и Душанбе буд ва баъдан моҳи ноябри ҳамин сол ба ҷойи Шариф Назаров сармураббии ин даста таъйин шуд. Ӯ баъдан чанд вақт мураббии дастаи “Ротор”-и Волгоград ва дастаи кӯдаконаи “Локомотив”-и Маскав низ буд.

 

Олег Хабӣ

4-уми декабр бошад Наим Носиров, футболбози пешини тими миллии Тоҷикистон дар 43-солагӣ вафот кард. Ӯ дар дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз соли 2006 то 2010 майдондорӣ карда, ҳамчунин, дар ҳайати тими миллии ҷавонони кишвар ва дастаҳои “Регар-ТадАЗ”, “Парвоз”, “Энергетик”, “Умед” ва “Данғара” бозӣ кардааст.  Носиров ҳамроҳ бо тими миллии кишвар дар соли 2006 Ҷоми даъвати КФО-ро ба даст оварда, бо “Регар-ТадАЗ” се маротиба соҳиби Ҷоми президенти КФО ва қаҳрамони Лигаи олии кишвар ҳам шуда буд.

 

Наим Носиров

30-юми декабри соли 2025 дар соҳаи варзиш бо марги Шариф Назаров, собиқ сармураббии тими милии Тоҷикистон ва мутахассиси шинохтаи футболи кишвар анҷом ёфт. Ӯ пас аз бемории вазнин дар 80-солагӣ вафот кард. Ӯ гарчанде ҳамчун футболбоз кам дар майдон буд, вале аз мутахассисони маъруфи футболи тоҷик буда, зери сармураббигии ӯ дастаи миллии Тоҷикистон соли 2006 Ҷоми даъвати КФО-ро соҳиб шудааст.

Ҳамчунин, таҳти роҳбарии ин мутахассис дастаи “Помир”-и Душанбе соли 1988 дар лигаи якум ғолиб омада, ба лигаи олии Иттиҳоди Шӯравӣ роҳ ёфта буд. Бо роҳбарии Шариф Назаров “Помир” ду бор қаҳрамони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар шуд. Зери роҳбарии ӯ, ҳамчунин, дастаи “Варзоб”-и Душанбе ду бор қаҳрамони Тоҷикистон ва як бор барандаи Ҷоми кишвар шудааст.

 

Шариф Назаров

 

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Соли 2025 се тан аз охирин иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ даргузаштанд. 18-уми феврал Ҳотамбек Шокиров, охирин иштирокчии ҶБВ аз ноҳияи Мастчоҳ дар 99-солагӣ аз олам даргузашт.

Ҳотамбек Шокиров

21-уми май бошад Мухтор Заргаров, яке аз ширкаткунадагони Ҷанги Бузурги Ватанӣ  дар шаҳри Душанбе аз дунё чашм баст. Ӯ 29-уми апрели имсол 101-солагии худро таҷлил карда буд.

 

Мухтор Заргаров

Рашид Каримов, куҳансолтарин ширкаткунандаи Ҷанги бузурги ватанӣ (ҶБВ) аз Тоҷикистон бошад, 24-уми август дар 113-солагӣ вафот кард.  Ӯ 1-уми июли соли 1912 дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор ба дунё омада, соли 1942, вақте дар мактаби деҳа чун омӯзгор кор мекард, ба ҷанг меравад ва то охирин рӯзи ҷанг дар майдони набард боқӣ мемонад. “Азия–Плюс” дар остонаи ҷашни Ғалаба ба дидори ин қаҳрамони ҶБВ рафт ва гузориш омода кард, ки дар матлаби “Яккаписар будам, аммо падарам ба ҷанг фиристод”. Ҳикояи куҳансолтарин иштирокчии ҶБВ дар Тоҷикистон бештар иттилоъ гиред.

 

Рашид Каримов

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.