Душанбе. 1уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои хоҳишмандоне, ки соли равон ба сафари ҳаҷ рафтанианд, квота ҷудо намуд.

            Чӣ тавре ки мудири шӯъбаи ҳаҷ ва сайёҳии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдусалом Раҷабов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли равон бо шумули   роҳбарони гурӯҳ, табибон ва дигар кормандон аз Тоҷикистон 5 ҳазор нафар шаҳрванд ба маросими ҳаҷ сафар мекунад.

            Ба гуфтаи ӯ, квота миёни манотиқи кишвар ба таври зайл тақсим карда шуд: ВМКБ – 138, вилояти Суғд – 1 ҳазору 408, Вилояти Хатлон – 1 ҳазору 618, шаҳри Душанбе – 566 ва ноҳияҳои тобеи марказ – 1 ҳазору 70 квота.

            А.Раҷабов афзуд, дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар бақайдгирии зоирин аллакай анҷом ёфтааст.

            Ёдрас мекунем, ки соли гузашта 5 ҳазору 200 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо шарафёб гардиданд.