Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» як қисмате аз қарзҳои худро барои истифодаи гази табиӣ ба «Узтрансгаз» пардохт карданист.

Чӣ тавре ки мудири кулли ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Саидмаҳмад Шарофиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, имрӯз ширкати «Барқи тоҷик» аз 9 млн. $ қарзи доштааш дар назди «Тоҷиктрансгаз» 3 млн. долларашро пардохт мекунад ва ин имкон додааст, то қисмате аз қарз бо «Узтрансгаз» ҳисоббаробарӣ карда шавад. «Феълан қарзи мо дар назди «Узтрансгаз» ба 15 млн. $ баробар аст», - гуфт ӯ.

Дар мавриди ҳаҷми гази воридотӣ ба ҷумҳурӣ С.Шарофиддинов гуфт, айни замон дар як соат ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя 24 ҳазор метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад, ки дар байни аҳолӣ, корхонаҳои «Талко», «Тоҷиксемент» ва нуқтаҳои фурӯши газ тақсим карда мешавад.