Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Нашриёти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» чанде қабл Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро интишор сохт. Ҳамин тариқ, санади ҳуқуқии мазкур мавриди амал қарор гирифт.

Тибқи муқарароти қонуни нав, аз ин ба баъд дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо танҳо як масҷиди марказии ҷомеъ амал карда метавонад.

Масҷиди ҷомеъ дар маҳаллаҳои аҳолинишини дорои нуфуси аз 10 то 20 ҳазор нафар ва дар шаҳри Душанбе дар микрорайону маҳаллаҳои дорои аз 30 то 50 ҳазор нафар аҳолӣ бунёд карда мешавад.

Ба бунёди масҷидҳои намози панҷгона дар маҳаллаҳои аҳолинишини дорои нуфуси аз 100 то 1000 нафар ва дар шаҳри Душанбе дар маҳаллаҳо ва микрорайонҳои дорои аз 1000 то 5000 нафар аҳолӣ иҷозат дода мешавад.

Ғайр аз ин, тибқи қонуни мазкур, таъини имомхатибони масҷидҳо ба вазифа бо мувофиқасозӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ сурат мегирад.