Душанбе. 4-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар мулоқоти вазири умури хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ бо роҳбари намояндагии Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Хонгвей Гао дурнамои муносиботи ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот атрофи тамоми самтҳои ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистону ЮНИСЕФ дар давраи кунунӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо барномаи ҳамкории Тоҷикистону ЮНИСЕФ барои солҳои 2010-2015-ро муҳокима карданд.

Ҳадафаи аслии барнома дар саҳм гузоштан ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, бахусус қишри осебпазир ба ҳаёт, рушд, дифоъ ва иштирок ифода меёбад. Барномаи мазкур кӯшишот ва нақшаи ҳукумати ҷумҳуриро дар бахши ҳалли мушкилоти асосии рушди иҷтимоии Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард.