Душанбе. 4-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Нимаи дуюми имрӯз ҳайати   Бонки Рушди Осиё, ки аз 1 апрел соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мулоқоту вохӯриҳо бо як катор бонкҳо дар мавзӯи «Мақоми Бонки марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ дар Идорасозии бӯхрони молиявӣ» ташриф овардаанд, бо роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мулоқот намуданд.

    Дар мулоқот   мушовири БРО Арне Боруб Петерсон бо Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ва дигар шахсони расми атрофии таъсир ва чораҳои пешгирии бӯҳрони иқтисодию молиявӣ ва вазъи имрӯзаи   сохторҳои   БДА ҶТ «Амонатбонк» сӯҳбати пурмӯҳтаво сурат гирифт.

   Ҳамзамон дар мулоқоти мазкур   вазъи имрӯзаи кишоварзон, саноату тиҷорат ва дигар соҳаҳои асосии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифт.

    Қайд кардан ба маврид аст, ки мутахассисини Бонк ҷиҳати пешгирии бӯҳрони милиявию иқтисодӣ дар ҳамкори бо дигар мақомоту ташкилотҳои ҷумҳурӣ як идда чорабиниҳоро ба нақша гирифта,   фаъолияти рӯзмарраи сохторҳои бонкро дар маҳалҳо аз рӯи онҳо ба роҳ мондаанд.

  Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот аз ҳамкориҳои самарабахш ва ояндасозӣ ҳар ду тараф дар оянда ибрози андеша карданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» хабар доданд.